,
Шанбе, 22-Феврал
Санаи 20.02.2025 дар факултети иқтисод ва идораи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ маҳфили навбатии “Менеҷерон ва маркетологони ҷавон”-и назди кафедраи менеҷмент ва маркетинг баргузор гардид.
Дар маҳфил мудири кафедраи менеҷмент ва маркетинг, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Содиқзода Зафар, номзади илмҳои иқтисодӣ, муаллими калони кафедра Абдулов Дилшод, ассистенти кафедра Қурбонов Некруз, ҳамзамон роҳбари маҳфил Талбаков Лутфулло ва дигар омӯзгорону донишҷӯён иштирок доштанд.
Сараввал мудири кафедра, дотсент Содиқзода Зафар суханронӣ намуда, маҳфилро ҳусни оғоз бахшид. Сипас, Ҳакимова Раҷабгул, донишҷӯи курси 2-юми ихтисоси менеҷменти инноватсионии факултет дар мавзуи “Нақши соҳаи сайёҳӣ дар рушди иқтисодиёти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон” баромад намуд.
Дар охир маҳфил бо саволу ҷавоб ва муҳокимаи устодону донишҷӯён ба анҷом расид.