,
Сешанбе, 10-декабр
Санаи 20-уми декабри соли 2022 маросими ба имзо расонидани Созишномаи ҳамкорӣ миёни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ва Донишгоҳи давлатии педагогии Алтайи Федератсияи Россия сурат гирифт.
Меҳмононро дар саҳни донишгоҳ бо як хушию хушҳолӣ пешвоз гирифтанд.
Ҳайати меҳмонон аз Донишгоҳи давлатии педагогии Алтайи Федератсияи Россия бо роҳбарии муовини ректор оид ба рушди рақамикунонии ин донишгоҳ Кайгородов Евгений Викторович, мудири кафедраи забоншиносии умумӣ ва забони русӣ, дотсент Винокурова Мария Анатолевна, бо ҳамроҳии директори мактаби русӣ-славянии тафриқавии ба номи К.Д.Ушинский Рухшона Розиқова ва омӯзгорони ин мактаб Левкин Владислав, Луканева Наталя ва Прокопенко Мария, аз ҷониби Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ - ректори донишгоҳ, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Раҳмон Дилшод Сафарбек, муовинони ректор оид ба муносибатҳои байналмилалӣ Худойдодова Шарофат, оид ба таълим Холиқзода Айниддин, оид ба илм ва инноватсия Рафиев Сафархон, сардори шӯъбаи муносибатҳои байналмилалӣ Орифов Орзу дар ин ҳамоиш ширкат варзиданд.
Нахуст ректори Донишгоҳи давлатии педагогии Алтайи Федератсия доктори илмҳои педагогӣ, профессор Лазаренко И.Р. тариқи онлайн суханронӣ намуда, оид ба моҳияти амалишавии Созишномаи мазкур баёни андеша намуданд.
Сипас, ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Раҳмон Дилшод Сафарбек аз ҳамкориҳои мутақобилан судманд, хосатан дар самти илму маориф миёни кишварҳои Тоҷикистону Федератсияи Россия бо қаноатмандӣ сухан гуфта, иброз доштанд, ки бо имзои Созишномаи ҳамкорӣ муносибатҳои ҳасанаи дӯстиву ҳамкорӣ миёни донишгоҳҳо тавсеа ёфта, барои рушди илму инноватсия, табодули таҷрибаи омӯзгорону донишҷӯён, ширкати фаъолонаи ҳайати олимону омӯзгорон ва донишҷӯён дар конфронсу ҳамоишҳои илмӣ заминаи мусоид фароҳам хоҳад омад.
Созишномаҳои имзошударо ректори донишгоҳ Раҳмон Дилшод Сафарбек ва муовини ректор оид ба рушди рақамикунонии Донишгоҳи давлатии педагогии Алтайи Федератсияи Россия Кайгородов Евгений Викторович ба ҳамдигар тақдим намуда, баҳри рушди ҳамкориҳои минбаъда барору комёбӣ таманно намуданд.
Дар фарҷоми чорабинӣ ба меҳмонон тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.