, Чоршанбе, 03-июл

ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ ШУРОИ КУРАТОРОНИ ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ КӮЛОБ БА НОМИ АБУАБДУЛЛОҲИ РУДАКӢ

 16.12.2022 125

ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ ШУРОИ КУРАТОРОНИ ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ КӮЛОБ БА НОМИ АБУАБДУЛЛОҲИ РУДАКӢ

Санаи 10-уми январ тибқи Нақшаи Шурои кураторони Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рудакӣ бо иштироки аъзоёни Шуро ҷаласаи навбатӣ баргузор гардид.

Дар ҷаласа нахуст ҳисоботи сардори Раёсати тарбияи Донишгоҳ Холматов Баҳром оид ба фаъолияти кори куратрони гурӯҳҳои таълимӣ дар нимсолаи аввали соли таҳсили 2022−2023 шунида шуд.

Сипас, ҳисоботи фаъолияти муовинони декан оид ба тарбияи факултетҳои омӯзгори ва фарҳанг Саодати Раҳмоналӣ, иқтисод ва идора Гулов Рустам ва физика ва математика Ашурова Саодат шунида шуд.

Дар масъалаҳои ҷорӣ аъзоёни Шурои кураторони Донишгоҳ − дотсентон Иброҳимов Гурез, Холиқов Сафар, Шарофат Худойдодова, Раҳимова Савронбӣ ва муаллимони калон Бегиев Шариф ва Табарова Зарторбӣ баромад намуда, фикру андешаҳои худро нисбат ба беҳтар намудани раванди кори тарбия баён доштанд ва пешниҳодҳои худро ироа карданд.




Ба рӯйхат