,
Шанбе, 22-Феврал
Имрӯз (18.02.2025) дар факултети иқтисод ва идораи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ маҳфили навбатии “Географ-сайёҳони ҷавон”-и назди кафедраи география ва сайёҳӣ баргузор гардид.
Дар маҳфил сардори раёсати илм ва инноватсия, дотсент Шарипов Анвар, мудири кафедра, номзади илмҳои география, дотсент Гадоев Шералӣ ва ҳайати дигари омӯзгорону донишҷӯён иштирок доштанд.
Сараввал мудири кафедра, дотсент Гадоев Шералӣ суханронӣ намуда, маҳфилро ҳусни оғоз бахшид.
Сипас, Талабзода Моҳру донишҷӯи курси чорум дар мавзуи “Ташаббусҳои Пешвои миллат дар соҳаи обу иқлим ва ҳифзи пиряхҳо" баромад намуд.
Дар фарҷом сардори раёсати илм ва инноватсия, дотсент Шарипов Анвар суханронӣ намуда, маҳфилро хуб баҳогузорӣ намуд. Ҳамин тавр маҳфил бо саволу ҷавоб ва муҳокимаи устодону донишҷӯён ба анҷом расид.