,
Ҷумъа, 27-декабр
Санаи 6-уми январ дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ аз ҷониби кафедраи физикаи умумӣ ва назариявии факултети физика ва математика конференсияи илмӣ – назариявии донишгоҳӣ дар мавзуи “Нимноқилҳо маводи асосии элоктроника” бахшида ба “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, даққиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф (солҳои 2020-2040)” ва “Саноатикунонии босуръати кишвар солҳои (2022-2026)” баргузор гардид.
Дар конференсия ноиби ректор оид ба илм ва инноватсия, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Рафиев Сафархон, декани факултет, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Давлатов Раҳмоналӣ, мудири кафедраи физикаи умумӣ ва назариявӣ Акрамова Рухшона, номзади илмҳои физика ва математика, дотсенти кафедра Ғаффоров Саттор, номзади илмҳои химия мудири кафедраи геология ва коркарди нафту гази Донишгоҳи давлатии Данғара Баротов. Н ва ҳайати омӯзгорону донишҷӯёни факултет иштирок доштанд.
Сараввал ноиби ректор оид ба илм ва инноватсия Рафиев Сафархон баромад намуда, конференсияро ҳусни оғоз бахшиданд.
Сипас декани факултет номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Давлатов Раҳмоналӣ баромад намуда аз мавзуҳои баррасишавандаи баромадкунандагон ба ҳозирин маълумот доданд.
Баъдан номзади илмҳои физика ва математика, дотсенти кафедра Ғаффоров Саттор дар мавзуи “Нимноқилҳо масолеҳи асосии электроника”, мудири кафедраи физикаи умумӣ ва назариявӣ Акрамова Рухшона дар мавзуи “Омӯзиши хосиятҳои элоктрофизикии телуриди висмут бо селен ва таллий легиронидашуда”, мудири кафедраи илмҳои компютерӣ Шарипов Аламхон дар мавзуи “Полупроводниковые соединения арсенида и антимонида галлия- перспективные материалы электронной техники”, мудири кафедраи геология ва коркарди нафту гази Донишгоҳи давлатии Данғара Баротов. Н дар мавзуи “Омӯзиши вобастагии ҳароратии хосиятҳои физикиву химиявии пайвастагиҳои нимноқилии сечандаи намуди А2 В3 С6 дар намунаи CdTl2Se4” муаллими калони кафедра физикаи умумӣ ва назариявӣ Гулматов Умар дар мавзуи “Таҳқиқи хосиятҳои электрофизикии пайвастагиҳои А3 В5” ассистенти кафедра Шарипов Сафаралӣ дар мавзуи “Таҳлили муқоисавии консентратсияи ҷузъҳои карбон дар аэрозолҳои атмосфераи шаҳри Душанбе” маърӯзаҳои худро ироа намуданд.
Илова бар ин конференсия аз ду бахш иборат буд, бахши аввал “Нақши нимноқилҳо дар рушди соҳаи элоктроника” зери роҳбарии дотсенти кафедра Ғаффоров Саттор ва бахши дуюм “Татбиқи технологияҳои муосир дар раванди таълими фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ” бо роҳбарии мудири кафедра Акрамова Рухшона баргузор гадид ва омӯзгорон маърӯзаҳои худро баромад намуданд.
Қайд кардан ба маврид аст, ки дар ҷаласаи ифтитоҳӣ ва бахшҳои конференсия зиёда аз 35 мақола мавриди баррасӣ қарор гирифт.