, Якшанбе, 23-Феврал

БАРГУЗОРИИ  МИЗИ МУДАВВАР

 13.02.2025 57

БАРГУЗОРИИ  МИЗИ МУДАВВАР

Санаи 13.02.2025 дар факултети омӯзгорӣ ва фарҳанги Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бо ташаббуси кафедраи фанҳои табиию риёзӣ ва методикаи таълими онҳо мизи мудаввар дар мавзуи “Рушди илмҳои табиию риёзӣ дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат” бо иштироки ҳайати омӯзгорони кафедра ва донишҷӯёни факултет баргузор гардид.

Дар мизи мудаввар номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Акбарова Маҳрамбӣ дар мавзуи “Масъалаи омӯзиш ва рушди илмҳои табиатшиносӣ, риёзӣ ва дақиқ дар меҳвари Паёмҳои Пешвои миллат”, номзади илмҳои таърих (таърихи математика), дотсент Гулматов Маҳмадалӣ дар мавзуи “Баъзе методҳои зарб ва тақсим дар дастхати “Маҷмаъ -ул - арқом”-и Мирзо Бадеи Даврон” ва ассистенти кафедра Давлатов Умедҷон дар мавзуи “Илмҳои табиатшиносӣ ва рушди он” маъруза намуданд.

Дар интиҳои мизи мудаввар миёни иштирокдорон мубодилаи афкор сурат гирифта, муҳокимаи самарабахш доир гардид.




Ба рӯйхат