, Чоршанбе, 12-март

ДАРСИ НАМУНАВӢ: СОХТАНИ ХАРГӮШАК

 12.02.2025 94

ДАРСИ НАМУНАВӢ: СОХТАНИ ХАРГӮШАК

Имрӯз (12.02.2025) дар кӯдакистони "Ситора"-и назди Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дарси намунавии мураббия Абдуллоева Малоҳат дар гурӯҳи дуюми хурд (кӯдакони синни 3-4-сола) дар мавзуи “Сохтани харгӯшак” баргузор гардид.

Дар дарс мудири кӯдакистон, номзади илмҳои педагогӣ Саодати Раҳмоналӣ ва ҳайати дигари мураббиён аз боғчаҳои бачагонаи шаҳри Кӯлоб иштирок доштанд.

Дарс бо шунидани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар иҷрои кӯдакони гурӯҳ оғоз гардид.

Сипас, мураббия Абдуллоева Малоҳат дарсро бо шинос кардани мавзуъ ва нишон додани тасвирҳои харгӯш идома дод. Ӯ ба кӯдакон суолҳо дода, онҳоро ба фаъолона иштирок кардан ҳидоят намуд. Баъдан, бо истифода аз методҳои бозӣ ва такрор, кӯдакон хусусиятҳои харгӯшро омӯхта, бо рангҳо ва шаклҳо шинос шуданд.

Қисмати амалии дарс ба сохтани харгӯшакҳо аз коғаз ва маводи гуногун бахшида шуд. Кӯдакон бо роҳнамоии мураббия ва дастгирии ёрдамчиён кӯшиш карданд, ки бо истифода аз қоғази ранга ва ширеш харгӯшакҳои худро созанд.

Ҳангоми иҷрои корҳо, мураббия кӯдаконро барои ташаккули маҳоратҳои эҷодкорӣ ва ҳамкорӣ бо ҳамсолонашон ҳавасманд кард. Кӯдакон бо шавқу завқ ба омӯзиш машғул шуданд ва дар ниҳоят, ҳар як иштирокчӣ харгӯшаке сохт.

Дар охири дарс, меҳмонон аз тарзи баргузории машғулият ва иштироки фаъолонаи кӯдакон изҳори қаноатмандӣ карданд. Дарс бо бозии интерактивӣ ва шеърхонии дастаҷамъона анҷом ёфт.




Ба рӯйхат