, Ҷумъа, 14-март

БАРГУЗОРИИ СЕМИНАРИ ИЛМӢ-МЕТОДӢ ДАР ДОНИШГОҲ

 08.02.2025 78

БАРГУЗОРИИ СЕМИНАРИ ИЛМӢ-МЕТОДӢ ДАР ДОНИШГОҲ

Санаи 08.02.2025 дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ семинари илмӣ-методӣ бо ҷалби омӯзгорони факултети омӯзгорӣ ва фарҳанги донишгоҳ дар мавзуи  «Натиҷагирӣ аз истифодаи таҳқиқоти амал дар раванди таълим» дар доираи лоиҳаи “Биё ҳамроҳ омӯзем” баргузор гардид.

Дар семинар муовини ректор оид ба муносибатҳои байналмилалӣ, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Худойдодова Шарофат, ҳайати омӯзгорон, магистрантон ва унвонҷӯёни факултет иштирок намуданд.

Нахуст дотсент Худойдодова Шарофат дар мавзуи “Нақши таҳқиқоти амал дар рушди маҳорати касбӣ” баромад намуда, қайд намуданд, ки лоиҳаи “Биё ҳамроҳ омӯзем” бо мақсади такмили малакаҳои омӯзгорон ва баланд бардоштани сифати таълим роҳандозӣ гардида, Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ яке аз иштирокчиёни фаъоли он мебошад. Лоиҳа ба таҳқиқоти амалӣ дар раванди таълим таваҷҷуҳ зоҳир намуда, омӯзгоронро барои истифодаи усулҳои навоварона ҳавасманд месозад.

Сипас, мудири кафедраи фанҳои гуманитарӣ ва методикаи таълими он, номзади илмҳои филолигӣ, дотсент Шералиева Садбарг дар мавзуи “Истифодаи корҳои дидактикӣ аз забони тоҷикӣ” ва мудири кафедраи фанҳои табиию риёзӣ ва методикаи таълими он, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Акбарова Маҳрамбӣ дар мавзуи “Истифодаи корҳои дидактикӣ аз математика” маърӯзаҳои худро ироа намуданд.

Семинар дар доираи лоиҳаи “Биё ҳамроҳ омӯзем” баргузор шуда, яке аз марҳилаҳои муҳими мубодилаи таҷриба миёни омӯзгорон ва муҳаққиқони ҷавон буд.




Ба рӯйхат