, Якшанбе, 23-Феврал

БАРГУЗОРИИ МИЗИ МУДАВВАР

 06.02.2025 58

БАРГУЗОРИИ МИЗИ МУДАВВАР

Санаи 06.02.2025 дар факултети физика ва математикаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бо ташаббуси кафедраи физикаи умумӣ ва назариявӣ мизи мудаввар дар мавзуи “Технологияи инноватсионӣ ва нақши он дар баланд бардоштани маҳорати касбии омӯзгорон” бо иштироки ҳайати омӯзгорони кафедра ва донишҷӯён баргузор гардид.

Дар мизи мудаввар номзади илмҳои физика–математика, дотсент Акрамова Рухшона дар мавзуи “Технологияи инноватсионӣ ва нақши он дар баланд бардоштани маҳорати касбии омӯзгорон” ва магистранти курси дуюми кафедра Шарипов Аминҷон дар мавзуи  “Истифодаи технологияи иттилоотӣ дар раванди таълим” маърӯзаҳои худро ироа намуданд.

Мизи мудавар бо мубодилаи афкор миёни омӯзгорон ва донишҷӯён ба охир расид.




Ба рӯйхат