,
Чоршанбе, 05-Феврал
Санаи 04.02.2025 Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев "Маросими ҷоизасупории соҳаи кор бо ҷавонон дар соли 2024"-ро аз рӯйи 8 номинатсия доир намуда, зимни он ғолибони озмунҳои кумитаро дар соли 2024 бо диплому мукофотҳои пулӣ қадршиносӣ намуд.
Барои коллективи бисёрҳазорнафараи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ боиси ифтихор ва шарафмандии бузург аст, ки кормандон ва намояндагони Донишгоҳ дар "Маросими ҷоизасупории соҳаи кор бо ҷавонон дар соли 2024" иштироки фаъолона намуда, ба тариқи зайл барандаи Ҷоизаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гардиданд:
Шамшоди Ҷамшед-дотсент, мудири кафедраи адабиёти тоҷик баррандаи Ҷоизаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш дар самти “Адабиёт”;
Алишери Абдулмаҷид-дотсент, мудири кафедраи журналистика баррандаи Ҷоизаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш дар самти “Рӯзноманигорӣ”;
Разоқов Навруз-мудири шуъбаи кор бо ҷавонон баррандаи Ҷоизаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш дар самти "Беҳтарин шуъбаи кор бо ҷавонони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дар соли 2024".
Мақсад аз баргузории озмунҳои мазкур дастгирии ҳамаҷониба ва ҳавасманд намудани фаъолияти эҷодии соҳибистеъдодҳои ҷавон, адибон, рӯзноманигорон, рассомону бастакорон, режиссёрону меъморон, санъаткорону ҳунармандон, техникону технологон ва навоварони ҷавон, ки дар рушди инкишофи соҳаи худ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми босазо гузоштаанд, арзёбӣ мегардад.
Раёсати Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дастоварди навбатиро ба ҳайати устодону кормандон ва барандагони ҷоизаҳо табрику шодбош гуфта, ба онҳо дар фаъолияти минбаъда дастовардҳои назаррас таманно менамояд.