,
Чоршанбе, 05-Феврал
Санаи 01.02.2025 дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ муҳокимаи рисолаи илмии унвонҷӯйи кафедраи методикаи таълими информатикаи факултети физика ва математика Бобохонов Ҷамшед Сабзаалиевич дар мавзуи “Хусусиятҳои омодасозии омӯзгорон барои истифодаи имконоти технологияи иттилоотӣ-иртиботӣ дар таҳсилоти фосилавӣ”, зери роҳбарии доктори илмҳои филологӣ, профессор Ҷумъахон Алимӣ баргузор гардид.
Дар муҳокима роҳбари илмӣ, профессор Ҷумъахон Алимӣ, муовини ректор оид ба илм ва инноватсия, дотсент Рафиев Сафархон, доктори илмҳои педагогӣ, профессори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ Назаров Аҳтам Пулотович ва дигар омӯзгорон иштирок намуданд.
Дар рафти муҳокима ҳамчун муқарризони холис доктори илмҳои педагогӣ, профессор Мирзоев Салим, декани факултети информатикаи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав, дотсент Ҳасанов Д.Р., сардори маркази бақайдгирӣ, тестӣ ва таҳсилоти фосилавии Донишгоҳ, дотсент Давлатов Раҳмоналӣ баромад намуда, ҳусну кубҳи рисолаи илмиро арзёбӣ ва пешниҳоду тавсияҳои худро ироа карданд. Ҳамин тариқ, рисолаи илмии Бобохонов Ҷамшед Сабзаалиевич бо дар назардошти тавсияҳо анҷомёфта ҳисобида шуда, барои муҳокимаи давраи навбатӣ тавсия карда шуд.
Раёсати Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ба Бобохонов Ҷамшед ва роҳбари илмиаш барору комёбиҳо таманно намуда, ба ӯ дар ҷодаи илму таҳқиқ мувафаққиятҳои нав ба навро орзу менамояд.