, Сешанбе, 01-июл

МУҲОКИМАИ РИСОЛАИ ИЛМӢ


МУҲОКИМАИ РИСОЛАИ ИЛМӢ

Имрӯз (01.02.2025) дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ муҳокимаи рисолаи илмии унвонҷӯйи кафедраи тарбияи ҷисмонӣ ва методикаи таълими они факултети тарбияи ҷисмонӣ ва омодагии дифои ҳарбӣ Саидов Парвин Абдусатторович дар мавзуи “Омодасозии донишҷӯёни тахассуси тарбияи ҷисмонӣ ва омодагии ҳарбӣ ба фаъолияти касбӣ (дар асоси навъҳои гуштин)”, зери роҳбарии доктори илмҳои филологӣ, профессор Ҷумъахон Алимӣ баргузор гардид. 

Дар муҳокима доктори илмҳои филологӣ, профессор Ҷумъахон Алимӣ, сардори раёсати илм ва инноватсия, дотсент Шарипов Анвар, декани факултет, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Навруз Носирӣ, мудири кафедраи педагогикаи умумидонишгоҳӣ, дотсент Назаров Ҳотам ва ҳайати дигари омӯзгорон иштирок намуданд.

Дар рафти муҳокима ҳамчун муқарризони холис номзади илмҳои педагогӣ, дотсенти кафедраи педагогикаи умумидонишгоҳӣ Лоиқов Парвиз, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Давлатов Миралӣ баромад намуда, ҳусну кубҳи рисолаи илмиро арзёбӣ ва пешниҳоду тавсияҳои худро ироа карданд. Ҳамин тариқ, рисолаи илмии Саидов Парвин Абдусатторович бо дар назардошти тавсияҳо анҷомёфта ҳисобида шуда, барои муҳокимаи давраи навбатӣ тавсия карда шуд.

Раёсати Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ба Саидов Парвин ва роҳбари илмиаш барору комёбиҳо таманно намуда, ба ӯ дар ҷодаи илму таҳқиқ мувафаққиятҳои нав ба навро орзу менамояд.




Ба рӯйхат


Warning: filectime(): stat failed for /var/www/new.kgu.tj/html//sessions/sess_jjdgo20dn0vnii0k5e4o2c1pkn in /var/www/new.kgu.tj/html/lib/prog_functions.php on line 274

Warning: unlink(/var/www/new.kgu.tj/html//sessions/sess_jjdgo20dn0vnii0k5e4o2c1pkn): No such file or directory in /var/www/new.kgu.tj/html/lib/prog_functions.php on line 274

Warning: filectime(): stat failed for /var/www/new.kgu.tj/html//sessions/sess_tem42tm1knn60pvaau2hmhtkal in /var/www/new.kgu.tj/html/lib/prog_functions.php on line 274

Warning: unlink(/var/www/new.kgu.tj/html//sessions/sess_tem42tm1knn60pvaau2hmhtkal): No such file or directory in /var/www/new.kgu.tj/html/lib/prog_functions.php on line 274