, Панҷшанбе, 30-январ

ДОНИШҶӮЁН ДОНИШҲОИ ТАХАССУСИИ ХУДРО ДАР АМАЛ МЕСАНҶАНД

 27.01.2025 24

ДОНИШҶӮЁН ДОНИШҲОИ ТАХАССУСИИ ХУДРО ДАР АМАЛ МЕСАНҶАНД

Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ имрӯз (27.01.2025) бо ташаббуси бахши таҷрибаомӯзӣ ва кор бо мутахассисони ҷавон конференсияи ифтитоҳии сафарбаркунии донишҷӯёни курсҳои сеюми ихтисосҳои алоҳида ва чоруми ихтисосҳои ҳамгиро ба таҷрибаомӯзии педагогӣ дар ҳамкорӣ бо садоратҳои факултетҳои филологияи тоҷик ва журналистика, филологияи хориҷӣ, филологияи рус, омӯзгорӣ ва фарҳанг, таърих, ҳуқуқ ва муносибатҳои байналмилалӣ, иқтисод ва идораи донишгоҳ доир гардид.

Дар конфронс муовини ректор оид ба таълим, дотсент Абдусамадзода Эраҷ, сардори раёсати таълим Саидзода Қурбоналӣ, мудири бахши таҷрибаомӯзӣ ва кор бо мутахассисони ҷавон Бобозода Бахтовар, садорати факултетҳо, роҳбарони таҷрибаомӯзӣ, методистони тахассусӣ ва донишҷӯёни ба таҷрибаомӯзӣ сафарбаршаванда иштирок намуданд.

Муовини ректор оид ба таълим, дотсент Абдусамадзода Эраҷ дар сӯҳбат бо таҷрибаомӯзон таъкид намуд, ки таҷрибаомӯзии педагогӣ аз муҳимтарин воситаи тайёрии касбии донишҷӯён ба пешаи интихобнамудаашон- омӯзгорӣ  ба шумор меравад. Мақсад аз таҷрибаомӯзии педагогӣ ҳамчун шакли муҳими ташкили таълим ба он равона гардидааст, ки донишҷӯён (ҳамчун мутахассисони оянда) дар раванди таълиму тарбия дар мактаб донишҳои илмӣ-назарии аз рӯи ихтисос азбарнамудаашонро, инчунин малакаҳои андухтаашонро дар робита ба фанҳои методикаи таълим, педагогика ва психология дар амал эҷодкорона истифода баранд ва онҳоро такмилу инкишоф диҳанд.

Зимнан, дар идомаи конфронс сардори раёсати таълим Саидзода Қурбоналӣ ва мудири бахши таҷрибаомӯзӣ ва кор бо мутахассисони ҷавон Бобозода Бахтовар талаботи низомномаи таҷрибаомӯзии педагогиро доир ба тартиби  баргузории таҷрибаомӯзӣ, вазифа ва ӯҳдадориҳои донишҷӯён дар раванди он ба иштирокчиён фаҳмониданд.

Кори конфронс бо саволу ҷавоб миёни донишҷӯёну методистон ва баррасии масъалаҳои марбут ба таҷрибаомӯзии педагогӣ ба охир расид.




Ба рӯйхат