, Чоршанбе, 05-Феврал

МУҲОКИМАИ ДИССЕРТАТСИЯҲОИ НОМЗАДИИ УНВОНҶӮЁН

 23.01.2025 58

МУҲОКИМАИ ДИССЕРТАТСИЯҲОИ НОМЗАДИИ УНВОНҶӮЁН

Имрӯз (23.01.2025) дар факултети филологияи хориҷии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ муҳокимаи диссертатсияи номзадии унвонҷӯи кафедраи забонҳои хориҷӣ-Ҷамолбии Ҳабибулло, дар мавзуи “Асосҳои педагогии инкишофи қобилияти хонандагони синфҳои болоӣ ба омӯзиши забони англисӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи  умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон” зери роҳбарии Иматзода Лутфия Маҳмадулло -доктори илмҳои педагогӣ, профессор, мудири шуъбаи педагогика, психология ва методикаи таълими Пажӯҳишгоҳи рушди маориф ба номи Абдураҳмони Ҷомии Академияи таҳсилоти Тоҷикистон ва диссертатсияи номзадии унвонҷӯи кафедраи забонҳои хориҷӣ-Раҷабова Ҷамила, дар мавзуи “Калимасозии пасвандии ҳиссаҳои номии нутқ дар забони тоҷикӣ ва англисӣ (дар асоси маводи “Ёддоштҳо” ва “Марги судхур”-и С. Айнӣ)” бо роҳбарии  Қосимов Олимҷон-профессори Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода, баргузор гардид.

Дар муҳокима муовини ректор оид ба илм ва инноватсия, дотсент Рафиев Сафархон, муовини ректор оид ба муносибатҳои байналмилалӣ, дотсент Худойдодова Шарофат, декани факултет номзади илмҳои филологӣ, дотсент Муродов Баҳридин ва ҳайати омӯзгорони кафедра иштирок доштанд.

Дар рафти муҳокима ҳамчун муқарризони холис ба диссертатсияи унвонҷӯй- Ҷамолбии Ҳабибулло, Шарипов Хуршед- номзади илмҳои педагогӣ, Ҳабибова Оишамо- номзади илмҳои педагогии кафедраи педагогикаи умумии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ва ба диссертатсияи унвонҷӯй- Раҷабова Ҷамила, Шарофат Худойдодова- номзади илмҳои филологӣ, дотсент баромад намуда, ҳусну қубҳи рисолаи илмии унвонҷӯёнро арзёбӣ намуда, пешниҳоду тавсияҳои худро ироа намуданд.

Ҳамин тариқ, диссертатсияи номзадии унвонҷӯён-Ҷамолбии Ҳабибулло ва Раҷабова Ҷамила бо дарназардошти тавсияҳо анҷомёфта ҳисоб шуда, барои муҳокимаи давраи минбаъда тавсия карда шуд.

Раёсат ва ҳайати устодону кормандони Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дастовардро ба унвонҷӯён ва роҳбарони илмии онҳо муборакбод гуфта, дар корҳои илмиву тадқиқотӣ барояшон барору музаффариятҳои нав орзу менамоянд.




Ба рӯйхат