,
Душанбе, 09-декабр
Санаи 22-юми декабр дар бинои маъмурии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ вохӯрӣ бо прокурори калони Раёсати Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид.
Дар вохӯрӣ муовини ректор оид ба таълим, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Холиқзода Айнидддин, прокурори калони Раёсати Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Меъроҷиддин Наботов, муовини ректор оид ба тарбия, номзади илмҳои педагогӣ Назаров Ҳотам ва ҳайати омӯзгорону донишҷӯён ширкат варзиданд.
Нахуст дотсент Холиқзода Айниддин суханронӣ намуда, меҳмонро ба ҳозирин муаррифӣ намуда, оид ба масъалаи баррасишаванда маълумот дод ва зикр карданд, ки барои таъмини тартиботи ҷамъиятӣ бояд дар ҳамкорӣ бошем, то сулҳу суботи комилро нигоҳ дорем.
Сипас, прокурори калони Раёсати Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Меъроҷиддин Наботов дар масъалаи “Ҳизбу ҳаракатҳои ифротию террористие, ки фаъолияти онҳо дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи додгоҳи Олӣ манъ шудаанд” суханронӣ намуданд. Зимни суханронии хеш мавсуф зикр доштанд: “Мафҳумҳои сулҳу субот ва ваҳдату сарҷамъӣ барои сокинони Ҷумҳурии Тоҷикистон бисёр арзишманд буда, қадру манзалат ва ҷойгоҳи ин неъмати бебаҳоро хуб дарк намудаанд. Ҷалби ҳарчи бештари таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба дарёфти роҳҳои муассири муқовимат ба хатару таҳдидҳои замони муосир, аз қабили терроризму экстремизм, ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддир ва ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ самти афзалиятноки талошҳои пайгиронаи давлату Ҳукумати Тоҷикистон дар арсаи минтақавию байналмилалӣ мебошад.
Вале мутаассифона бархе гурӯҳҳои ҷудоихоҳе ба мисли ташкилоти экстремистӣ-террористии собиқ ҳизби наҳзати исломӣ, яке аз чунин ҳизбҳое мебошад, ки барои ноором сохтани вазъияти сиёсии кишвари мо ҳамеша аз рӯзи соҳибистиқлолии кишвари азизамон бо дасти хоҷагони хориҷиашон мехостанд Ватани маҳбуби моро ба нестӣ кашанд.
Қаблан бояд гуфт, ки муборизаи сиёсии ТТЭ собиқ ҲНИ, ки имрӯз фаъолияташро дар хориҷӣ кишвар бо номи “Паймони миллӣ” ва зерсохторҳои он ба сомонаҳои иттилоотии «Nahzat.org», «Payom.net», «isloh.net», «Vostoknews.org», «Varorud.com», «Akhbor.com», «Kimya Saadat» ва гурӯҳҳои алоҳидаро дар шабакаҳои иҷтимоии «Facebook», «Tvitter» ва «Instagram» таъсис дода, бо ҳаргуна дурӯғафкани ва худро ғамхору вафодор ва ватандӯст нишондода ҷавонони сустирода ва камфаҳми моро ба тарафи худ ҷалб менамоянд. Ҷавонони ноогоҳи мо инро бояд бидонанд, ки ин бадбахтон гумроҳшудагони дастаҳои хадамотҳои махсуи хориҷианд”.
Дар охир миёни иштирокчиён ва меҳмонон саволу ҷавоб доир гардид, ки масъулин ба ҳамаи онҳо ҷавобҳои аниқ гардониданд.