, Панҷшанбе, 02-январ

ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТ-РОҲНАМОИ ИМРӮЗУ ФАРДО

 28.12.2024 114

ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТ-РОҲНАМОИ ИМРӮЗУ ФАРДО

(ҳамоиши илмӣ-назариявии ҳайати профессорону омӯзгорон ва устодону донишҷӯёни Донишгоҳ дар ҳошияи Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон)

Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ҳамоиши илмӣ-назариявии ҳайати профессорону омӯзгорон ва устодону донишҷӯёни донишгоҳ таҳти унвони “Паёми Президент-роҳнамои имрӯзу фардо” дар ҳошияи Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” баргузор гардид.

Дар ҳамоиш ректори донишгоҳ, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Раҳмон Дилшод Сафарбек, муовинони ректор, садорати факултетҳо, устодону донишҷӯёни донишгоҳ ва намояндагони васоити ахбори омма иштирок намуданд.

Ҳамоиш бо пахши Суруди миллӣ оғоз гардид.

Ректори донишгоҳ, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Раҳмон Дилшод Сафарбек зимни ироаи сухани ифтитоҳӣ ҳайати иштирокчиёни ҳамоишро барои расидан ба санаи муҳиму таърихӣ, тантанаи истиқлоли давлатӣ ва соҳибдавлативу соҳибихтиёрии кишвар, яъне ироа гардидани Паёми навбатии Пешвои маҳбубу илҳомбахши миллат табрику таҳният гуфта, иброз доштанд, ки муҷиби ифтихор ва шарафи мардуми тоҷик аст, ки ҳар сол Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат бо фарогирии тамоми самтҳои сиёсати дохиливу хориҷии кишвар ба ҳукми дурнамои соли дигар ва раҳнамову ҳидоятномаи мардуми тоҷик манзур мегардад. Баҳои баланди Пешвои миллат ба натиҷаҳои соли 2024, новобаста ба мураккабшавии вазъи сиёсии ҷаҳони муосир гувоҳи он аст, ки дастовардҳои Тоҷикистон дар муносибат ба равандҳои фаъолияти сиёсиву иқтисодии ҷаҳони муосир ва махсусан минтақа, хеле назаррас мебошанд ва ин муваффақиятҳо барои вуруд ба марҳалаи комилан наву дигаргунаи пешрафтҳо заминаҳои устуворе хоҳанд гузошт.

Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки мавриди истиқболи гарму самимии мардуми кишвар қарор гирифт, фарогири масоили куллии ахлоқи инсонӣ, пешгирӣ аз офатҳои замони муосир, такмили маърифат ва андешаву ахлоқи башарӣ буда, андешаву афкори мондагори Пешвои миллат дар иртибот ба масъалаи ба ҷо овардани эҳтироми падару модар, аз ҷумла шинохти қадри зан-модар, хидмат ба ин офаринандаи инсон бо шеваи хоси ҳакимонаву донишварона моро ба сӯйи ояндаи дурахшон ва зиндагии шоиставу инсонгароёна роҳнамун месозад.

Дар идома тибқи барномаи ҳамоиш маърӯзаҳои Мирсаидов Муҳаммаднаим Негматович- номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсенти кафедраи назарияи иқтисодӣ дар мавзуи “Паём – нақшаи стратегии давлат”,  Ғаюров Лоиқ Шералиевич-доктори фалсафа (PhD), доктор аз рӯйи ихтисоси фалсафа, мудири кафедраи фалсафа дар мавзуи “Паём - роҳнамо барои фардо” ва Шерзод Муҳаммадҷон-ассистенти кафедраи ҳуқуқшиносӣ дар мавзуи “Нақши Паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рушди соҳаи маориф”  шунида шуд.

Баромадкунандагон зимни ироаи маърӯзаҳо иброз намуданд, ки  Паёми Сарвари давлат дар баробари ҳуҷҷати муҳиму барномаи мукаммали сиёсати давлатӣ, ҳамчун рамзи соҳибихтиёриву соҳибдавлатии тоҷикон ба ҳисоб рафта, вазифаҳо ва ҳадафҳои дар он пешбинигардида барои ояндаи дурахшони мамлакат ва зиндагии шоистаи мардум равона гардидааст.

Ҳамчунин таъкид гардид, ки дар Паёми навбатии Пешвои миллат ҳамаи соҳаҳо мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифта, алоқаманд ба ин вазифаҳои сатҳи гуногуни ҳокимияти давлатӣ ва дигар субъектҳои хоҷагидорӣ барои амалигардонии ҳадафҳои стратегии давлату ҳукумат барои оянда муайян карда шуд. Дар ин радиф Пешвои миллат таваҷҷуҳи мардумро ба роҳҳои дар арсаи ҷаҳонӣ аз ҷиҳати рушди иқтисодию иҷтимоӣ боз ҳам хубтар муаррифӣ гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷалб намуда, зимнан таъкид бар он доштанд, ки ба тарбияи ахлоқию маънавии насли наврасу ҷавон, омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва ҳамзамон ҷалби онҳо ба азхуднамоии илмҳои дақиқу риёзӣ ва касби донишҳои наву замонавӣ эътибори ҷиддӣ дода шавад.

Гуфта шуд, ки ҷомеаи меҳнатии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ иқдому пешниҳодоти судманд ва таъкиду роҳнамоиҳои ояндасозро, ки дар Паём ироа гардид, хуш истиқбол намуда, бо шукргузорӣ аз фазои сулҳу суботи Ватани азизу маҳбуб, неъмати ҳувиятбахше чун истиқлолу озодӣ, иттиҳоду сарҷамъии халқи кишвар барои амалӣ намудани муваффақонаи нишондод баҳри дурнамои нек саҳми назаррас хоҳанд гузошт.




Ба рӯйхат