, Панҷшанбе, 02-январ

МИЗИ МУДАВВАР: “МАСЪАЛАҲОИ МУБРАМИ ТАҲЛИЛИ МУҚОИСАВИИ ЗАБОНШИНОСИИ МУОСИР”

 25.12.2024 63

МИЗИ МУДАВВАР: “МАСЪАЛАҲОИ МУБРАМИ ТАҲЛИЛИ МУҚОИСАВИИ ЗАБОНШИНОСИИ МУОСИР”

Имрӯз (25.12.2024) дар факултети филологияи хориҷии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ аз ҷониби кафедраи забоншиносӣ ва типологияи муқоисавӣ мизи мудаввар дар мавзуи “Масъалаҳои мубрами таҳлили муқоисавии забоншиносии муосир” гардид.

Дар мизи мудаввар декани факултет, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Муродов Баҳриддин, мудири кафедраи забоншиносӣ ва типологияи муқоисавӣ Гулаҳмадшоев Шокиршо, мудири кафедраи методикаи таълими забонҳои хориҷӣ, номзади илмҳои филологӣ Робияи Абдусамад, номзади илмҳои филологӣ Саидова Нилуфар, мутахассиси раёсати илм ва инноватсия Сайдалиева Фотима ва ҳайати дигари омӯзгорону донишҷӯён иштирок доштанд.

Мизи мудавварро мудири кафедраи забоншиносӣ ва типологияи муқоисавӣ Гулаҳмадшоев Шокиршо оғоз намуда, аз мавзуъҳои баррасишавандаи мизи мудаввар ба ҳозирин маълумот доданд.

Зимни баргузории мизи мудаввар мутахассиси раёсати илм ва инноватсия Сайдалиева Фотима, баромад намуда, доир ба аҳамияти масъалаҳои мубрами таҳлили муқоисавии забоншиносии муосир ибрози андеша намуданд.

Дар идома декани факултет, дотсент Муродов Баҳриддин дар мавзуи “Маслиҳатҳои методӣ доир ба таълими забони англисӣ”, муаллими калони кафедраи забоншиносӣ ва типологияи муқоисавӣ Бобоев А. дар мавзуи “Муқоисаи ҷумлаҳои соддаи чидааъзо дар забонҳои тоҷикӣ ва англисӣ” ва ассистенти кафедраи мазкур Ҳайдаров К. дар мавзуи “Бозтоби бархе аз омонимҳо дар асари “Ҳудуд-ул-олам” маърӯза намуданд.




Ба рӯйхат