,
Ҷумъа, 27-декабр
Санаи 18-уми декабр дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ аз ҷониби кафедраи забонҳои хориҷӣ ва кафедраи забоншиносӣ ва типологияи муқоисавии факултети филологияи хориҷӣ конфронси илмӣ-амалӣ дар мавзуи «Тамоюлҳои таълим ва омӯзиши забонҳои хориҷӣ дар партави суханрониҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон» баргузор гардид.
Дар кори конфронс сардори Раёсати илм ва инноватсияи донишгоҳ, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Самариддинова Зайнаб, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Гулматшоев Шокир, номзади илмҳои филологӣ дотсент Муродов Баҳриддин ва ҳайати омӯзгорону донишҷӯён иштирок доштанд.
Ҷаласаи ифтитоҳиро дотсент Галматшоев Шокир оғоз намуда, кайд карданд, ки ҷавонони моро зарур аст, ки ҷиҳати дар ҳаёт татбиқ намудани нерӯи зенҳии худ дар ин ё он соҳаи фаъолият ба ғайр аз донистани забони давлатӣ, инчунин озодона донистани забонҳои русӣ ва англисӣ талаб карда шавад.
Сипас Саидов Муҳаммад, муаллими калони кафедраи забонҳои хориҷӣ дар мавзуи “Калимаҳои иқтибосии ҷамъи арабӣ дар забони тоҷикӣ”, Сайдалиева Фотима, муаллимаи калони кафедраи забоншиносӣ ва типологияи муқоисавӣ дар мавзуи “Сарчашма ва мушкилоти вожаҳои иқтибосӣ дар забонҳои тоҷикӣ ва англисӣ”, Одинаев К, ассистенти кафедраи забоншиносӣ ва типологияи муқоисавӣ дар мавзуи “Таълими интерактивии забони англисӣ дар замони муосир”, Робияи А, ассистенти кафедраи забонҳои хориҷӣ дар мавзуи “Зуҳуроти сермаънои дар мисолҳои истилоҳоти китобдорӣ дар забони тоҷикӣ ва англисӣ” ва Зарипова Муниса, донишҷӯи курси чоруми факултет дар мавзуи “Current problems students face in learning a new language” маърӯзаҳои худро ироа намуданд.
Дар охир миёни иштирокчиёни конфронс саволу ҷавоб сурат гирифт, ки маърӯзакунандагон ба ҳамаи саволҳои онҳо ҷавобҳои мушаххас гардониданд.