, Шанбе, 21-декабр

БАРГУЗОРИИ МАҲФИЛИ “ФИЗИКОНИ ҶАВОН”

 20.12.2024 18

БАРГУЗОРИИ МАҲФИЛИ “ФИЗИКОНИ ҶАВОН”

Санаи 20.12.2024 дар факултети физика ва математикаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ маҳфили “Физикони ҷавон”-и кафедраи физикаи умумӣ ва назариявӣ бо иштироки мудири кафедра, номзади илмҳои физика ва математика, дотсент Акрамова Рухшона, номзади илмҳои физика ва математика Шарипов Сафаралӣ ва аъзоёни маҳфил баргузор гардид.

Нахуст роҳбари маҳфил, номзади илмҳои физика ва математика Шарипов Сафаралӣ баромад намуда, оид ба пешбурди кори маҳфил ибрози андеша намуд.

Сипас, донишҷӯи курси чоруми ихтисоси физика ва математика Давлатова Маҳбуба дар мавзуи “Асосҳои термодинамика. Қонуни якум, дуюм ва сеюми термодинамика”, Шарипова Роҳила дар мавзуи “Ҳалли масъалаҳо доир ба асосҳои термодинамика” маърӯзаҳои худро ироа намуданд.

Дар бахши дуюми маҳфил ҳалли масълаҳои физикӣ ба донишҷӯён супорида шуд ва донишҷӯён аз уҳдаи ҳалли масъалаҳо ба хубӣ баромаданд.

Дар охир маҳфил бо саволу ҷавоб ва муҳокимаи иштирокчиён ба анҷом расид.




Ба рӯйхат