, Шанбе, 21-декабр

БАРГУЗОРИИ МАҲФИЛИ ЭҶОДИИ “АДАБИЁТШИНОС”

 19.12.2024 23

БАРГУЗОРИИ МАҲФИЛИ ЭҶОДИИ “АДАБИЁТШИНОС”

Санаи 19.12.2024 дар факултети филологияи тоҷик ва журналистикаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ маҳфили илмӣ-эҷодии “Адабиётшинос”-и назди кафедраи адабиёти тоҷик баргузор гардид.

Дар маҳфил номзади илмҳои филологӣ, дотсент Холиқова Зайналбӣ, ҷонишини декан оид ба илм, инноватсия ва муносибатҳои байналмилалӣ Қаюмова Мубина ва ҳайати омӯзгорони кафедра ва донишҷӯён иштирок доштанд.

Сараввал роҳбари маҳфил Гиёева Тахмина суханронӣ намуда, маҳфилро оғоз бахшиданд ва аз мавзуъҳои баррасишавандаи маҳфил ба ҳозирин маълумот дода, оид ба пешбурди кори маҳфил ибрози андеша карданд.

Сипас, Аминов Сайдамир - донишҷӯи курси сеюми факултет дар мавзуи “Принсипҳои асосии омӯзиши асари бадеӣ" ва Иқболова Сайёҳат - донишҷӯи курси сеюм дар мавзуи “Хониши асари бадеӣ чун ҷавҳари асосии таълим” маърӯзаҳои худро ироа намуданд.

Дар бахши музокирот атрофи мавзуъҳои баррасишуда саволу ҷавоб доир гардид, ки дар он иштирокчиён фаъолона ширкат варзиданд.




Ба рӯйхат