,
Якшанбе, 22-декабр
Имрӯз (18.12.2024) дар факултети филологияи тоҷик ва журналистикаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ маҳфили навбатии “Рӯзноманигори ҷавон”-и назди кафедраи журналистика баргузор гардид.
Дар маҳфил мудири кафедраи журналистика, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Алишери Абдулмаҷид, муовини декан оид ба илм, инноватсия ва муносибатҳои байналмилалӣ Қаюмова Мубина, номзади илмҳои филологӣ, дотсенти кафедра Сафарзода Манучеҳр, номзади илмҳои филологӣ Одинаева Марҳабо ва ҳайати дигари омӯзгорон, магистрантону докторантони кафедра ва аъзоёни маҳфил иштирок доштанд.
Нахуст маҳфилро роҳбари маҳфил, ассистенти кафедраи журналистика Гадоева Фирӯза оғоз намуданд.
Сипас, Ғозиева Соира донишҷӯи курси сеюми ихтисоси рӯзноманигорӣ дар мавзуи “Ташаккули матбуоти умумифорсӣ дар Эрон ва Афғонистон” ва Муродова Моҳсафар донишҷӯи курси дуюм дар мавзуи “Се зинаи инкишоф дар журналистика” баромад намуданд.
Дар охир маҳфил бо саволу ҷавоб миёни иштирокчиён ба анҷом расид.