, Ҷумъа, 27-декабр

ТАДБИРҲО ҶИҲАТИ ПЕШГИРИИ ШОМИЛШАВИИ ҶАВОНОНУ ЗАНОН БА ҲИЗБУ ҲАРАКАТҲОИ ИФРОТӢ

 18.12.2024 53

ТАДБИРҲО ҶИҲАТИ ПЕШГИРИИ ШОМИЛШАВИИ ҶАВОНОНУ ЗАНОН БА ҲИЗБУ ҲАРАКАТҲОИ ИФРОТӢ

Санаи 18.12.2024 дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ҷиҳати пешгирии шомилшавии ҷавонону занон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, ташвиқи фарҳанг ва арзишҳои миллӣ, эҳтиром гузоштан ба дастовардҳои миллату давлат ва ҳифзи суботу амнияти сартосарӣ дар кишвар вохӯрии Шарифов Сарабек - сардори шуъбаи мубориза бо терроризми Гурӯҳи фаврии Раёсати КДАМ ҶТ дар вилояти Хатлон дар самти рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа тибқи усули  “факултет ба факултет” ва “курс ба курс” бо омӯзгорону донишҷӯёни факултети иқтисод ва идора ташкил ва баргузор гардид.

Вохӯрии мазкур дар заминаи дастуру супоришҳои роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати идома додани фаъолияти гурӯҳҳои тарғиботию фаҳмондадиҳӣ баргузор шуда, чунин ҳамоишҳо тибқи нақша бо ҷалби устодону донишҷӯёни ҳамаи факултетҳои донишгоҳ дар алоҳидагӣ  гузаронида мешавад.

Дар вохӯрӣ муовини ректор оид ба таълим, дотсент Абдусамадзода Эраҷ, муовини ректор оид ба тарбия, дотсент Сафарзода Мунир, сардори шуъбаи мубориза бо терроризми гурӯҳи фаврии Раёсати КДАМ ҶТ дар вилояти Хатлон Шарифов Сарабек, муовини сардори шуъбаи мубориза бо терроризми гурӯҳи фаврии Раёсати КДАМ ҶТ дар вилояти Хатлон-Ҳамидов Амирхон ва ҳайати омӯзгорону донишҷӯёни факултети иқтисод ва идора иштирок доштанд.

Вохӯриро муовини ректор оид ба таълим, дотсент Абдусамадзода Эраҷ ҳусни оғоз бахшида, меҳмононро ба донишҷӯёну устодон муаррифӣ намуд. Зимнан таъкид дошт, ки ҳоло ҷомеаи муосир ба тарбияи ҷавонони соҳибилм, соҳибистеъдоду хушодоб ва ҳушёру зирак ниёзи бештар дорад. Таззоди замони нав, яъне роҳ ёфтани ҷавонон ба гурӯҳҳои номатлуби экстремистиву террористӣ боиси нигаронӣ аст ва баргузории чунин суҳбату вохӯриҳоро ҷиҳати фаҳмонидани оқибатҳои хавфноки пайравӣ ба гурӯҳҳои манфиатхоҳ ба манфиати кор хонданд.

Сипас, Шарифов Сарабек, сардори шуъбаи мубориза бо терроризми Раёсати КДАМ ҶТ дар вилояти Хатлон, дар суханронии худ мавзуъҳои муҳимро баррасӣ кард. Ӯ ба аҳамияти ҳифзи арзишҳои миллӣ, хатарҳои терроризму экстремизм ва роҳҳои пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ ишора кард. Инчунин, ӯ таъкид намуд, ки дарки дурусти ҷавонон аз хавфҳои ин равандҳо ва ҳамкорӣ бо ҷомеа барои таъмини амният ва субот хеле муҳим аст. Ин равандҳо на танҳо ба амният ва суботи ҷомеа, балки ба рушди маънавӣ ва фарҳангии кишвар низ таҳдид мекунанд. Ҳамкорӣ миёни мақомоти давлатӣ, муассисаҳои таълимӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ барои баланд бардоштани сатҳи огоҳии мардум ва ҷилавгирӣ аз шомилшавӣ ба ин гурӯҳҳо зарур аст.

Ҳамзамон таъкид доштанд, ки ҷавонон набояд ба доми гурӯҳҳои ифротгаро шомил шаванд ва пайваста дар ҳамкорӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бошанд. Ӯ аҳамияти эҳтиёткориро дар баробари ҳар гуна аломатҳои шубҳанок ё рафторҳои ифротӣ қайд намуда, аз аҳли нишаст хост, ки дар ҳолати дучор шудан бо чунин вазъиятҳо ба мақомот хабар диҳанд. Ҳамкорӣ ва иттилоотрасонии шаҳрвандон метавонад дар пешгирии паҳншавии ғояҳои ифротӣ ва таъмини амнияти ҷамъиятӣ нақши муҳим бозад.

Дар фарҷоми вохӯрӣ иштирокдорон ба музокира баромада, андешаҳои хешро доир ба мавзуъҳои баррасишуда баён намуда, ҷавононро баҳри поянда нигоҳ доштани сулҳу осоиштагӣ, ватандӯстиву хештаншиносӣ, тарғиби андешаи солим ва ҳифзи арзишҳои миллӣ даъват намуданд.




Ба рӯйхат