,
Якшанбе, 22-декабр
Имрӯз (17.12.2024) дар факултети таърих, ҳуқуқ ва муносибатҳои байналмилалии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дарси намунавии ассистенти кафедраи муносибатҳои байналмилалӣ Маҳмадсаиди Мирвалӣ дар мавзуи “Корпуси дипломатӣ ва дуайени корпуси дипломатӣ” дар гурӯҳи таълимии 403-и ихтисоси муносибатҳои байналмилалӣ баргузор гардид.
Дар дарс мудири кафедраи сиёсатшиносӣ, дотсент Пирназаров Эмомназар, номзади илмҳои сиёсӣ Файзов Рамазон, ассистентони кафедраи муносибатҳои байналмилалӣ Сафаров Ҳакимшо ва Саидов Даврон иштирок доштанд.
Муаллим Маҳмадсаиди Мирвалӣ дарсро тибқи талаботи мактаби олӣ оғоз намуда, қайд намуданд, ки “Корпуси дипломатӣ ва дуайен корпуси дипломатӣ ин ду истилоҳест, ки дар соҳаи дипломатия ва муносибатҳои байналмилалӣ истифода мешаванд. Ҳар ду ба ҳайати намояндагони давлатҳо ва ё шахсони масъул, ки дар як кишвар барои намояндагии манфиатҳои хеш ва баргузор кардани фаъолияти дипломатӣ фаъолият мекунанд, алоқаманданд. Корпуси дипломатӣ (Diplomatic Corps) ба маҷмӯи намояндагони ҳамаи кишварҳо дар як кишвари хориҷӣ ишора мекунад. Онҳо мансабдорон ва дипломатҳои намояндагии расмии ҳар як давлат дар як кишвар ҳастанд, ки барои татбиқи манфиатҳои кишварҳояшон ва барқарор кардани робитаҳои дипломатӣ фаъолият мекунанд”.
Дар фарҷоми дарс муаллим ба донишҷӯён доир ба мавзуи болозикр саволҳо пешниҳод намуда, донишҷӯён дар навбати худ ба саволҳо ҷавобҳои мушахас гардониданд.