,
Шанбе, 21-декабр
Санаи 14-уми декабри соли 2024 дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ конференсияи VII байналмилалии илмӣ-назариявӣ дар мавзуи «Асосҳои физикӣ-химиявии ҳосил кардан ва таҳқиқи хосиятҳои комплексии масолеҳҳои нимноқилӣ, композитсионӣ ва диэлектрикӣ» дар доираи Нақшаи чорабиниҳо ба истиқболи ҷашни 80-солагии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бахшида ба 85-солагии хотираи неки академик, Арбоби илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои химия, профессор Каримов Самариддин Каримович баргузор гардид.
Дар кори конференсия роҳбарияти донишгоҳ, ходимони илмӣ, олимону муҳаққиқон аз муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар ва устодону донишҷӯён иштирок доштанд.
Кори конфронс бо садо додани Суруди миллӣ оғоз ёфт.
Баъд аз садо додани Суруди миллӣ ректори донишгоҳ, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Раҳмон Дилшод Сафарбек тариқи фосилавӣ (айни ҳол зимни сафари корӣ берун аз қаламрави кишвар қарор доранд) ироаи сухани ифтитоҳӣ намуда, зимни он ҳайати олимону донишмандони муътабарро ба донишгоҳ хайрамақдам гуфта, ҳузури онҳоро боиси хушнудии коллективи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ва шукуҳи конфронси байналмилалӣ арзёбӣ намуд. Зимнан бо таваҷҷуҳ ба корномаи беназири олими варзида ва донишманди асил академик Каримов Самариддин таъкид доштанд, ки устод аз ҷумлаи он афроди сарсупурдаи роҳи илм ва яке аз пояҳои устувору побарҷои самти илмҳои табиию риёзӣ буданд, ки умри пурбаракати хешро аз соли 1953 то охири ҳаёт бо илму маърифат ва пажуҳишу ихтироъкорӣ, нафъ расонидан ба мардум ва ҳиссаи арзанда гузоштан дар таълиму тарбия, ба камол расонидани шогирдони зиёд ва олимону ҷавонони хушзавқ пурмуҳтаво ва рангину қобили пайравӣ сипарӣ намудааст.
Устод Каримов Самариддин дорои мартабаи бузурги илмӣ, ҷойгоҳи воло дар ҷомеа ва дараҷаи камоли инсонӣ ва дар баробари ифтихор бахшидан ба садҳо шогирдону ҳамкорон, худ аз тафохуру ғурур фарсахҳо дур буданду бо шуҳрату маҳбубияту маъруфият (на танҳо дар кишвар, балки берун аз он) амсоли дарахте пурбори илм ва унвону ҷоизаҳояшон инъом ва самари пурхондагиву пуркориву ҷӯёиву навгонӣ оварданашон!
Сипас, муовини ректор оид ба муносибатҳои байналмилалӣ, дотсент Худойдодова Шарофат зимни пешбурди кори конфронс бо ёдоварӣ аз заҳамот ва талошҳои устоди киром дар рушд ва пешрафти донишгоҳ иброз намуданд, ки зиндагии як фард ва роҳи тайнамудаи ӯ дар ҷодаи фаъолияташ дар ин ё он соҳа ба монанди як китоби пур аз авроқи панду ҳикмат ва фазилат бардоштанҳост, ки онро бо чашми сар ва ақлу заковат мебояд мутолиа кард, дуруст сарфаҳм рафт ва воқеан арзёбӣ намуд.
Бароям мояи хушҳоливу сарфарозист, ки дар боргоҳи илму маонӣ -Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ солҳои тӯлонӣ фаъолият дорам ва саодати ҳамкорӣ бо олимону пажуҳишгарони варзидаи ҷумҳурӣ ва машҳургардида дар ақсои олам насибам шудааст.
Дар идома тибқи барномаи конфронс муовини раиси шаҳри Кӯлоб Орзу Ҳамидиён ва Ғафоров Сатор, номзади илмҳои физика ва математика, дотсенти кафедраи физикаи умумӣ ва назариявӣ дар бораи “Ҳаёт ва фаъолияти академик, Арбоби илм ва техника Тоҷикистон, доктори илмҳои кимиё, профессор Каримов Самариддин Каримович” маълумоти муфассалу фарогирандаи паҳлуҳои васеи фаъолияти олимро ироа намуд. Таъкид доштанд, ки аҳли илму маорифи кишвар устодро ҳамчун омӯзгори асил, олими барҷаста, доктори илмҳои химия, профессор, узви пайвастаи АМИТ, узви пайвастаи филиали АМБ (ФР), академики Академияи илмҳои педагогӣ ва иҷтимоии Федератсияи Россия, узви пайвастаи Академия ва Институтҳои муҳандисии байналмилалии давлатҳои исломӣ, Ходими шоистаи илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Арбоби илм ва техникаи Точикистон, дорандаи нахустпатенти идораи давлатии ММПИ Ҷумҳурии Тоҷикистон, Аълочии маорифи Тоҷикистон, Аълочии маорифи мактабҳои олии СССР), дотсенти кафедраи физикаи умумӣ, декани факултаи физика, мудири кафедраи МТФ ва ТМ, собиқ муовини ректор оид ба таълиму тарбия, собиқ ректори ДДК ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ мешиносанд ва иззату эҳтиром менамоянд.
Фаъолияти густурда ва шоистаи таҳсини академик Каримов Самариддин дар вазифаҳои гуногуни зинаи таҳсилоти олӣ бо унвонҳои фахрӣ, нишонҳои сарисинагии «Аълочии маорифи Точикистон» (1985, Душанбе), «Аълочии маорифи мактабҳои олии СССР» «Барои нишондодҳои беҳтарин дар соҳаи тарбияи кадрҳои баландихтисос ва тайёр намудани кадрҳои илмӣ» (1989, Москва), нишони маорифи мактабҳои олии СССР - «Барои комёбиҳои шоён дар кор» (1990, Москва), Ифтихорномаи Президенти Чумҳурии Тоҷикистон (1999, 2002, Душанбе), медали «Академия ва Пажуҳишгоҳҳои муҳандисии давлатҳои исломӣ» (1993, Қарочи), медали «Академия ва Пажуҳишгоҳҳои муҳандисии давлатҳои исломӣ» (1995, Уммон), узви Федератсияи академия ва Пажуҳишгоҳҳои муҳандисии давлатҳои исломӣ (2000, Уммон) ва дигар мукофоту ҷоизаҳо кадршиносӣ гардидаанд.
Проблемаҳои таҳқиқнамудаи академик Каримов Самариддин хеле муҳим буда, аҳамияти байналмилалӣ доранд ва дар ҳалли бисёр масъалаҳои ҷиддии истеҳсолот, техника, саноат ва хоҷагии халқ ба таври васеъ истифода бурда мешаванд, ки беш аз 10 санади татбиқ ва 7 шаҳодатномаҳои патентӣ гувоҳи ин гуфтаҳо мебошанд.
Ҳамчунин Абдуллозода Сабур-доктори илмҳои физика ва математика, профессор, мудири лабораторияи физикаи атмосфераи АМИТ дар мавзуи “Интиқоли байнисарҳадии туфонҳои чанг дар камарбанди чанг”, Эшов Бахтиёр-доктори илмҳои техникӣ, профессор, директори Маркази таҳқиқоти технологияҳои инноватсионии АМИТ дар мавзуи “Дурнамои рушди хӯлаҳои алюминий, бахусус хӯлаҳои алюминий-магний”, Сатторов Абдурасул-доктори илмҳои педагогӣ, профессори кафедраи алгебра ва геометрияи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав дар мавзуи “Асосҳои методии тайёрии касбии омӯзгорони фанни геометрия дар замони муосир” маърӯзаҳои худро ироа намуданд.
Пас аз хотимаи маърӯзаҳои асосӣ дар қисми музокираи конфронс муовини ректор оид ба таълим, дотсент Абдусамадзода Эраҷ, муаллими калони кафедраи таърихи халқи тоҷик Шоинов Ҳасан, дотсент Сироҷиддини Давлаталӣ, мауллими калон Бегиев Шариф, дотсент Исоев Собир ва наздикону пайвандони устод дар хусуси мавзуи фаъолият ва мактаби илмии академик Каримов Самариддин изҳори андеша намуданд.
Кори конференсия қисми дуюми рӯз дар 6 бахш бо баррасии 140 мақолаи олимону донишмандон идома ёфт.