, Якшанбе, 22-декабр

БАРГУЗОРИИ МАҲФИЛИ “ЗАБОНШИНОС ВА МЕТОДИСТИ ҶАВОН”

 13.12.2024 30

БАРГУЗОРИИ МАҲФИЛИ “ЗАБОНШИНОС ВА МЕТОДИСТИ ҶАВОН”

Дар таърихи 13.12.2024 дар факултети филологияи тоҷик ва журналистикаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ маҳфили навбатии “Забоншинос ва методисти ҷавон”-и назди кафедраи забоншиносӣ ва таърихи забон бо иштироки мудири кафедра, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Саидзода Муҳаммад, ҷонишини декан оид ба илм, инноватсия ва муносибатҳои байналмилалӣ Қаюмова Мубина, роҳбари маҳфил Одинаева Ҳуснигул, ҳайати омӯзгорон ва донишҷӯёни аъзои маҳфил гузаронида шуд.

Дар маҳфил Садирова Муҳайё  - донишҷӯи курси сеюми ихтисоси забон ва адабиёти тоҷик дар мавзуи “Корбурди ҷамъи арабӣ дар забони тоҷикӣ ” ва Саидова Нигора - донишҷӯи курси якуми факултет дар мавзуи “Тағйиротҳои маъноии иқтибосоти арабӣ дар соҳаи маориф” маърӯзаҳои худро ироа намуданд.

Маҳфил бо саволу ҷавоб ва мубодилаи афкор миёни иштирокчиён ба охир расид.




Ба рӯйхат