, Якшанбе, 22-декабр

ДАРСИ НАМУНАВӢ: САРАЪЗОҲО АСОСИ ГРАММАТИКИИ ҶУМЛА

 13.12.2024 38

ДАРСИ НАМУНАВӢ: САРАЪЗОҲО АСОСИ ГРАММАТИКИИ ҶУМЛА

Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ баргузории дарсҳои намунавиву кушод аз ҷониби олимон, муҳаққиқону омӯзгорони донишгоҳ мунтазам ташкилу баргузор мегарданд. Ин навбат санаи 13.12.2024 дар факултети филологияи тоҷик ва журналистикаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ аз ҷониби муаллими калони кафедраи забоншиносӣ ва таърихи забон Сайдалиева Сарварбӣ дарси намунавӣ дар мавзуи “Сараъзоҳо асоси грамматикии ҷумла” дар гурӯҳи таълимии 302-и ихтисоси Забон ва адабиёти тоҷик бо иштироки ҳайати омӯзгорони факултет гузаронида шуд.

Сайдалиева Сарварбӣ дарсро тибқи муқаррароти мактаби олӣ шурӯъ намуда, дар робита ба мавзуи дарс “Сараъзоҳо асоси грамматикии ҷумла” маълумоти муфассал ироа намуда, қайд намуд, ки асоси грамматикии ҷумла (сараъзоҳо) унсури муҳимтарини сохтори ҷумла мебошад, ки маъно ва тарзи робитаи дигар калимаҳои ҷумла бо он муайян карда мешавад. Он аз ду қисми асосӣ иборат аст: мубтадо ва хабар, ки бидуни онҳо ҷумла пурра намешавад.

Дар қисмати дигари дарс муаллим ба донишҷӯён суол дода, донишҷӯён ҷавобҳои қаноатбахш гардониданд.




Ба рӯйхат