,
Якшанбе, 22-декабр
Дар факултети филологияи руси Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бо ташаббуси кафедраи адабиёти хориҷӣ бо методикаи таълими забон ва адабиёти рус ба ифтихори адибони классики рус, ки соли равон ҷашнвора доштанд, ҳамоиши адабӣ дар мавзуи “Адибони соҳибҷашн” бо иштироки ҳайати устодон ва донишҷӯён гузаронида шуд.
Муҳтавои баромади донишҷӯёнро шеъру таронаҳо дар бар гирифта, ҳамчунин дар иҷрои донишҷӯён саҳначаҳо доир ба эҷодиёти Пушкин ва Крылов пешкаши иштирокчиёни ҳамоиш гардонида шуд.
Мавриди ба қайд аст, ки ҳамоиши мазкур як навъ натиҷагирӣ аз фаъолияти омӯзгорони кафедра н.и.ф., дотсент Ғуломова Садбарг, муаллимони калон Ҳалимова Мавҷуда, Салихова Лутфия дар ҷиҳати ташкилу баргузории дарсҳои кушод, маҳфилу чорабиниҳо арзёбӣ мегардад.