,
Якшанбе, 22-декабр
Дар назди кафедраҳои Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ маҳфилҳои илмӣ амал мекунанд, ки нақши онҳо дар баландбардории донишҳои тахассусӣ ва малакаҳои донишҷӯён муҳим арзёбӣ мегардад. Аз тариқи баргузории маҳфилҳои мазкур донишҷӯёни фаъолу завқманд муайян гардида, онҳо баро иштирок дар маҳфилҳои илмӣ ва олимпиадаҳо пешбарӣ мегардаднд.
Бо ин мақсад, санаи 12.12.2024 дар назди маркази рушди касбият ва инноватсия маҳфили нав бо номи “Майдони инкишоф” бо роҳбарии мутахассиси марказ- Сафарзода Сироҷиддин, таъсис дода шуда, ҷамъомади аввалинашро доир намуд.
Дар кори он муовини ректор оид ба илм ва инноватсия, дотсент Рафиев Сафархон, сардори маркази рушди касбият ва инноватсия Давлатов Миралӣ, мутахассисисони марказ Ғаниев Фирӯз ва Сафарзода Сироҷиддин иштирок доштанд.
Муовини ректор оид ба илм ва инноватсия, дотсент Рафиев Сафархон зимни сухани муқаддамотӣ нақши маҳфилҳоро дар ҷиҳати тайёрии касбии мутахассисони ҷавон муҳим арзёбӣ намуда, аз аъзоён даъват ба амал овард, ки аз шароити мусоиди фароҳамовардаи Роҳбарияти олии кишвар барои баланд бардоштани савияи донишу малакаҳои касбӣ ва мутахассиси хуб гардидан самаранок истифода баранд.
Дар идома Сафарзода Сироҷиддин, ки роҳбарии маҳфилро ба уҳда дорад, дар мавзуи “Ихтироъ-мафҳум ва моҳияти он” маъруза намуда, доир ба он маълумоти ҷолибро ба самъи ҳозирин расонид.
Зимнан масъалаҳои баррасишавандаи маҳофили баъдӣ мавриди шиносоии аъзоён қарор дода шуд.