, Якшанбе, 22-декабр

БАРГУЗОРИИ ДАРСИ КУШОД

 10.12.2024 40

БАРГУЗОРИИ ДАРСИ КУШОД

Имрӯз (10.12.2024) дар факултети омӯзгорӣ ва фарҳанги Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ аз ҷониби муаллими калони кафедраи фанҳои гуманитарӣ ва методикаи таълими онҳо- Ёрматзода Алишер, аз фанни педагогика дар мавзуи “Истифодаи принсипҳои таълим дар дарс” дар гурӯҳи таълимии 104-и ихтисоси таҳсилоти ибтидоӣ бо иштироки аъзоёни кафедра дарси кушод гузаронида шуд.

Сараввал муаллим Ёрматзода Алишер дарсро оғоз намуда, қайд намуданд. ки Истифодаи принсипҳои таълим дар дарс як роҳи муҳими таъмини самаранокии раванди таълим ва омӯзиш мебошад. Принсипҳо асосҳои методологӣ ва назариявӣ ҳастанд, ки ба омӯзгорон кӯмак мекунанд, дарсҳоро ҷолиб, таъсирбахш ва мувофиқ ба ниёзҳои хонандагон ташкил кунанд. Истифодаи принсипҳои таълим дар дарс ба беҳтар шудани сифати омӯзиш ва иштироки хонандагон мусоидат мекунад. Омӯзгор, бо дарназардошти ин принсипҳо, метавонад муҳити ҷолиб ва эҷодиро фароҳам орад, ки дар он хонандагон на танҳо дониш, балки малакаҳои муҳими зиндагӣ пайдо мекунанд.

Сипас, донишҷӯён дар бораи принсипҳои асосии таълим ва татбиқи онҳо дар дарс маърӯзаҳо намуданд.

Ҳамчунин дар рафти дарс миёни донишҷӯён ва муаллим саволу ҷавоб сурат гирифт. Дар маҷмуъ, дарс дар сатҳи хуб гузашт ва донишҷӯён тавонистанд доир ба мавзуъ маълумоти заруриро аз худ кунанд.




Ба рӯйхат