, Якшанбе, 22-декабр

БАРГУЗОРИИ ДАРСИ КУШОДИ ТАЪЛИМӢ

 10.12.2024 42

БАРГУЗОРИИ ДАРСИ КУШОДИ ТАЪЛИМӢ

Санаи 10-уми декабр дар факултети филологияи руси Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ аз ҷониби муаллими калони кафедраи адабиёти хориҷӣ бо МТЗАР-Салихова Лутфия,  дар гурӯҳи таълимии 101-и ихтисоси Забон ва адабиёти рус дарси кушод дар мавзуи “Ҳаёт ва фаъолияти Михаил Юрьевич Лермонтов” гузаронида шуд.

Дар дарс декани факултет номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Шарипова Одинамо, мудири кафедраи адабиёти хориҷӣ ва МТЗАР, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Ғуломова Садбарг, дотсентон Раҳимова Савронбӣ, Бобоқулов Ҷумахон, Ашуров Азамат ва омӯзгорони кафедра иштирок доштанд.

Нахуст муаллим-Салихова Лутфия дарсро тибқи муқаррароти мактаби олӣ шурӯъ намуда, дар робита ба мавзуи дарс “Ҳаёт ва фаъолияти адабии М.Ю. Лермантов” маълумоти муфассал ироа намуда, қайд намуд, ки Михаил Лермонтов яке аз шоирон, нависандагон ва драматургҳои адабиёти классикии рус ба шумор меравад. Лермонтов  15 октябри соли 1814 дар шаҳри Москва таваллуд шуда, таҳсили аввалияро дар муҳити хонагӣ гирифт. Соли 1828 ӯ ба пажӯҳишгоҳи Маскав дохил шуд ва пасон дар Донишгоҳи Маскав таҳсил кард. Аз соли 1832 ӯ таҳсилашро дар Петербург, дар Мактаби гвардиявии афсарон идома дод. Лермонтов натанҳо ҳамчун шоир, балки ҳамчун афсар низ хизмат кард.  Асарҳои машҳури ӯ: “Паррух” (Парус), “Марги шоир” (Смерть поэта), “Бородино”, “Мтсири” ва ғайраҳо.

Михаил Лермонтов 27 июли соли 1841 дар натиҷаи дуэл бо Николай Мартынов дар наздикии шаҳри Пятигорск ба ҳалокат расид. Марги ӯ ба адабиёти рус талафоти бузург овард.

Эҷодиёти Лермонтов бо мавзуъҳои озодӣ, танҳоӣ ва ҷустуҷӯи маънои ҳаёт маълум аст. Вай ба адабиёти рус на танҳо асарҳои беназир, балки равиши фалсафии навро пешниҳод кард. Ӯро аксар вақт бо Александр Пушкин муқоиса мекунанд, аммо услуби Лермонтов фалсафӣ ва пурҳиссиёттар мебошад.

Дар идома донишҷӯён чанде аз асарҳои адибро мисол оварда таҳлил намуданд ва аз эҷодиёти шоир порчаҳои насрӣ қироат намуданд.

Дар фарҷоми дарс муаллим ба донишҷӯён саволҳо дода, донишҷӯён ба суолҳои додаи муаллим посухҳои мушаххас гардониданд ва ҳозирин бошад дарсро хуб арзёбӣ намуданд.




Ба рӯйхат