, Чоршанбе, 05-Феврал

БАРГУЗОРИИ МАҲФИЛИ  МАТЕМАТИКОНИ ҶАВОН

 05.12.2024 130

БАРГУЗОРИИ МАҲФИЛИ  МАТЕМАТИКОНИ ҶАВОН

Имрӯз (05.12.2024) дар факултети физика ва математикаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ маҳфили навбатии “Математикони ҷавон” бо иштироки роҳбари маҳфил, омӯзгорон ва аъзоёни маҳфил баргузор гардид.

Нахуст, роҳбари маҳфил, муаллими калони кафедраи таҳлили математикӣ ва назарияи функсияҳо Кулобиев Мирзо суханронӣ намуда, маҳфилоро ҳусни оғоз бахшиданд.

Сипас, донишҷӯи курси сеюми ихтисоси математикаи амалӣ Ҳайдарова Сумая дар мавзуи “Интеграли муайян ва хосиятҳои он” баромад намуд.

Дар охир маҳфил бо ҳалли мисолу масъалаҳо ва саволу ҷавоб миёни омӯзгорону донишҷӯён ба охир расид.




Ба рӯйхат