,
Панҷшанбе, 26-декабр
Рӯзҳои 29-30 ноябри соли 2024 дар Муассисаи давлатии буҷетии таҳсилоти миёнаи умумии Тоҷикистон-Россия “Мактаби миёнаи умумӣ бо омӯзиши фанҳои алоҳида дар шаҳри Турсунзода ба номи Д.И. Менделеев» Фестивали якуми байналмилалии амалияи таълимӣ ба номи Менделеев – 2024» аз рӯи самтҳои "Роҳнамои идоракунии сифати таҳсилот", "Роҳнамои технологияҳои таълимӣ", "Роҳнамои таълимӣ", "Беҳтарин лоиҳаи инноватсионии татбиқшаванда" ва "Роҳнамои муҳити таҳсилоти рақамӣ" тариқи маҷозӣ ва ҳузурӣ баргузор гардид.
Фестивали якуми байналмиллалии байналмилалии амалияи таълимӣ ба номи Менделеев таҷрибаҳои таълимӣ, самтҳо ва шаклҳои ҳамкориро на танҳо дар соҳаи таълим, балки дар соҳаи байнифарҳангӣ низ муайян намуда, ҳадафи он муттаҳид намудани малакаҳо, тарғиб ҷиҳати омӯзиши забони русӣ ва ошноӣ бо таҷрибаи педагогӣ, инчунин муносибатҳои байнифарҳангии омӯзгорони Россияву Тоҷикистон ва дигар кишварҳои ИДМ-ро таъмин намуд.
Дар давоми ду рӯз таҷрибаҳои педагогӣ аз рӯи мавзуоти кори Фестивал намоиш дода шуданд, ки асосии татбиқи Стандартҳои давлатии таҳсилот бо кӯдакони дузабона, усулҳои самараноки ташкили кори таълимӣ дар таълими пеш аз касбӣ ва таҳсилоти иловагӣ, технологияҳои истифодаи маҳсулоти рақамӣ ва интиқоли таҷрибаро инъикос намуда, ҷиҳати арзёбии сифати таълим аз манфиат холӣ набуданд. Таҷрибаи иштирокчиёни Фестивалро ҳакамон аз ҳайати омӯзгорони Донишгоҳҳои такягоҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳогузорӣ карданд. Коршиноси байналмилалӣ, муовини ректор оид ба муносибатҳои байналмилалии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, дотсент Шарофат Худойдодова низ ба ҳайати ҳакамони ин Фестивали бошукуҳ шомил буд, ки барои иштирок дар корҳои ташкилӣ ва ба сифати ҳакамон баҳогузорӣ намудани корҳои эҷодию педагогии омӯзгорон аз ҷониби сарпарасти Фестивал, Донишгоҳи давлатии омӯзгории Алтайи Федератсияи Россия бо Сипосномаи ректори ин донишгоҳ Лазаренко Ирина Рудолфовна сарфароз гардонида шуд.
Ёдрас менамоем, ки миёни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ва Донишгоҳи давлатии омӯзгории Алтайи ФР Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонида шудааст, ки дар пасманзари роҳандозӣ гардидани он, тадбирандешиҳо ҷиҳати татбиқи лоиҳаҳои муштараки илмӣ-таҳқиқотӣ, табодули мутахассисон, олимон, омӯзгорону донишҷӯён, ташкили конфронсҳои байналмилалӣ, аз такмили ихтисос гузаштани ҳайати кадрӣ вусъати тоза меёбанд.