,
Панҷшанбе, 30-январ
Татбиқи усулҳои фаъоли таълим, ба амалияи нигаронидани раванди баргузории машғулиятҳо, истифодаи таҷрибаи пешқадами педагогӣ аз муҳимтарин ҷузъҳои таъмини сифати таҳсилот ва баланд бардоштани малакаҳои касбии донишҷӯён мебошанд. Бо назардошти ин омилҳо санаи 04.12.2024 аз ҷониби номзади илмҳои педагогӣ, дотсенти кафедраи забони муосири рус-Ҷумаева Дилором, дар гурӯҳи таълимии 204-и ихтисоси Таҳсилоти ибтидоӣ. Забони русии факултети омӯзгорӣ ва фарҳанги Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бо иштироки мудири кафедра, дотсент Нурматова Зарина ва ҳайати омӯзгорони кафедра дарси кушод гузаронида шуд.
Ҷумаева Дилором дарсро бо маҳорати баланди муаллимӣ ва бо истифода аз методу услҳои фаъол шурӯъ намуда, дар робита ба мавзуи дарс маълумоти муфассал ироа намуда, қайд намуд, ки Фонетика яке аз бахшҳои забоншиносӣ буда, садоҳои нутқ ва хусусиятҳои онҳо, тарзи талаффуз ва нақши онҳо дар забонро меомӯзад. Ин бахш ба омӯзиши садоҳои забон, сохтори акустикӣ ва тарзи ташаккули онҳо таваҷҷуҳ мекунад.
Муаллим дарсро бо суолу ҷавоб ҳамроҳи донишҷӯён ва мустаҳкамнамоии паҳлуҳои мавзуъ ба охир расонид.