, Панҷшанбе, 30-январ

ДАРСИ НАМУНАВӢ: ФОРМУЛАИ ИНТЕГРАЛИИ КОШӢ ВА ТАТБИҚИ ОН

 03.12.2024 128

ДАРСИ НАМУНАВӢ: ФОРМУЛАИ ИНТЕГРАЛИИ КОШӢ ВА ТАТБИҚИ ОН

Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ баргузории дарсҳои намунавиву кушод аз ҷониби олимон, муҳаққиқону омӯзгорони донишгоҳ мунтазам ташкилу баргузор мегарданд. Ин навбат санаи 03.12.2024 дар факултети физика ва математикаи донишгоҳ аз ҷониби номзади илмҳои физика ва математика, дотсенти кафедраи таҳлили математикӣ ва назарияи функсияҳо-Хидиров  Худойқул, дарси намунавӣ дар мавзуи “Формулаи интегралии Кошӣ ва татбиқи он” дар гурӯҳи таълимии 302-и ихтисоси математика бо иштироки ҳайати омӯзгорони кафедра гузаронида шуд.

Хидиров  Худойқул дарсро бо маҳорати баланди муаллимӣ ва бо истифода аз методу услҳои фаъол шурӯъ намуда, дар робита ба мавзуи дарс маълумоти муфассал ироа намуда, қайд намуд, ки формулаи интегралии Кошӣ барои ҳисоб кардани интегралҳо дар назарияи таҳлили комплексӣ мебошад. Интеграли Кошӣ, ки ба номи математик Augustin-Louis Cauchy номгузорӣ шудааст, барои ҳисоб кардани интегралҳо дар доираи як контури курааш дар як майдон истифода мешавад.

Муаллим дарсро бо суолу ҷавоб ҳамроҳи донишҷӯён ва мустаҳкамнамоии паҳлуҳои мавзуъ ба охир расонид.




Ба рӯйхат