,
Якшанбе, 22-декабр
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи байналмиллалии шахсони дорои имконияташон маҳдуд, ки ҳамасола дар таърихи 3 декабр қайд мешавад, чорабинӣ баргузор гардид. Дар кори он ректори донишгоҳ, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Раҳмон Дилшод Сафарбек, муовинони ректор, ҳайати омӯзгорон ва донишҷӯён иштирок доштанд.
Ректори донишгоҳ профессор Раҳмон Дилшод Сафарбек зимни суханронӣ таъкид намуд, ки ҷавонон ҳамеша дар меҳвари таваҷҷуҳ ва ғамхориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, масоили марбут ба дастгирӣ ва таъмини шароити арзандаи таҳсилу зиндагии онҳо аз ҳадафи асосӣ ва калидии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, аз ҷумла шахсони имконияташон маҳдуд яке аз самтҳои муҳим ва афзалиятноки фаъолияти иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, махсусан дар сиёсати инсонпарваронаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳсуб мешавад.
Таъкид карда шуд, ки раёсати Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дар партави сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Роҳбари олии давлат ҷиҳати дастгирии донишҷӯён мунтазам ташаббус зоҳир намуда, барои фароҳам овардани имконияти мусоиди таҳсил ва зиндагонӣ барои онҳо тадбирҳои судманд меандешад.
Муовини ректор оид ба муносибатҳои байналмилалӣ, дотсент Худойдодова Шарофат зимни пешбурди чорабинӣ ёдовар шуд, ки ташаббуси мазкур ҷиҳати татбиқи сиёсати хирадмандона ва башардӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳ монда шуда, дар меҳвари фаъолияти раёсати донишгоҳ ва Кумитаи иттифоқи касабаи кормандон ва донишҷӯёни донишгоҳ қарор дорад.
Дар ин рӯз аз ҷониби роҳбарияти донишгоҳ ҳамчун рамзи парасториву рафоқат ва дастгириву ҳавасмандгардонӣ барои донишҷӯёни имконияташон маҳдуд дастархон ороста шуда, ҳамзамон ба онҳо кумакҳои пулӣ расонида шуд.
Дар рафти чорабинӣ кормандони ансамбли “Наво”-и назди Хонаи маданияти донишгоҳ барномаи фарҳангӣ-фароғатии омоданамудаи худро пешкаши ҳозирин намуданд.
Мавриди зикр аст, ки донишҷӯён аз ин ҳама таваҷҷуҳу дастгириҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва раёсати донишгоҳ рӯҳбаланд гардида, бо шукргузорӣ аз ҳаёти осоиштаву имконоти мусоиди зиндагонӣ ба Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори сипосу миннатдорӣ баён намуданд.