, Чоршанбе, 10-декабр

ҒОЛИБИЯТИ ДАСТАИ ДОНИШҶӮЁНИ ДОНИШГОҲ МИЁНИ ДОНИШҶӮЁНИ МТОК


ҒОЛИБИЯТИ ДАСТАИ ДОНИШҶӮЁНИ ДОНИШГОҲ МИЁНИ ДОНИШҶӮЁНИ МТОК

Аз санаи 29-уми ноябр то 1-уми декабри соли 2024 мутобиқи Нақшаи чорабиниҳои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон мусобиқаи ҷумҳуриявӣ байни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба футбол баргузор гардид.

Хурсандиовар аст, ки дастаи футболбозони донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дар мусобиқа  фаъолона иштирок намуда ба гирифтани ҷойи 3-юм шарафёб гардиданд.

Мақсад аз баргузории мусобиқа тарғиби тарзи ҳаёти солим, ҷалб намудани ҷавонон ба машғулиятҳои мунтазами тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш; рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар байни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии ҷумҳурӣ; иҷрои банди 25 Нақшаи чорабиниҳои амалигардонии "Барномаи рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026" (қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2022, №568); баланд бардоштани маҳорати варзишии варзишгарон ва муайян намудани узви дастаи мунтахаби Ҷумҳурии Тоҷикистон аз миёни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии Ҷумҳурии Точикистон арзёбӣ мегардад.

Раёсати донишгоҳ дастоварди навбатиро ба ҳайати даста ва устодону донишҷӯён табрику шодбош гуфта, дар корҳои минбаъдаашон барору музаффариятҳо таманно менамояд.




Ба рӯйхат

Лутфан барномаи моро насб намоед!

Warning: unlink(/var/www/new.kgu.tj/html//sessions/sess_d1cqc25701b05io1tqjaa00di6): No such file or directory in /var/www/new.kgu.tj/html/lib/prog_functions.php on line 274

Warning: filectime(): stat failed for /var/www/new.kgu.tj/html//sessions/sess_hp9q7tdlmr6e4cq7uf5dg93avo in /var/www/new.kgu.tj/html/lib/prog_functions.php on line 274

Warning: unlink(/var/www/new.kgu.tj/html//sessions/sess_hp9q7tdlmr6e4cq7uf5dg93avo): No such file or directory in /var/www/new.kgu.tj/html/lib/prog_functions.php on line 274

Warning: filectime(): stat failed for /var/www/new.kgu.tj/html//sessions/sess_n0u83mlppv55h5kqhga406s30j in /var/www/new.kgu.tj/html/lib/prog_functions.php on line 274

Warning: unlink(/var/www/new.kgu.tj/html//sessions/sess_n0u83mlppv55h5kqhga406s30j): No such file or directory in /var/www/new.kgu.tj/html/lib/prog_functions.php on line 274