, Чоршанбе, 11-декабр

БАРГУЗОРИИ МАҲФИЛИ “ГЕОГРАФ-САЙЁҲОНИ ҶАВОН”

 30.11.2024 77

БАРГУЗОРИИ МАҲФИЛИ “ГЕОГРАФ-САЙЁҲОНИ ҶАВОН”

Санаи 30.11.2024 дар факултети иқтисод ва идораи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ маҳфили навбатии “Географ-сайёҳони ҷавон”-и назди кафедраи география ва сайёҳӣ баргузор гардид.

Дар маҳфил мудири кафедра, номзади илмҳои география, дотсент Гадое Шералӣ, ассистенти кафедра, ҳамзамон роҳбари маҳфил Камолзода А ва дигар омӯзгорону донишҷӯён иштирок доштанд.

Сараввал мудири кафедра, дотсент Гадоев Шералӣ суханронӣ намуда, маҳфилро ҳусни оғоз бахшид. Сипас, Ҷумахонов Ормон донишҷӯёни курси 2-юми факултет дар мавзуи “Пиряхҳо танзимкунандаи оби ширин дар сайёраи Замин” ва Шоҳрухи Назаралӣ дар мавзуи “Захираҳои обии минтақаи Кӯлоб: дурнамо ва истифодабарии онҳо” баромад намуд.

Маърӯзачиён зимни баромади хеш иброз дошт, ки пиряхҳо ё барфсангҳо дар сайёраи Замин мақоми муҳим ва хеле хос доранд, ва як унсури асосии танзимкунандаи оби ширин дар экосистемҳо ва муҳити Замин мебошанд. Онҳо барои таъмини оби ширин дар як қатор минтақаҳо нақши калидӣ мебозанд.

Дар охир маҳфил бо саволу ҷавоб ва муҳокимаи устодону донишҷӯён ба анҷом расид.




Ба рӯйхат