,
Чоршанбе, 11-декабр
Имрӯз (30.11.2024) дар факултети молиявию иқтисодии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ маҳфили навбатии ҷамъияти илмии донишҷӯён баргузор гардид.
Дар маҳфил декани факултет номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Фатҳуллозода Абдухолиқ, ҷонишини декан оид ба илм, инноватсия ва муносибатҳои байналмилалӣ, номзади илмҳои иқтисодӣ Вазирзода Дилором, сардори ҷамъияти илмии донишҷӯёни факултет Шамсова Ҳидоятбону ва аъзоёни маҳфил иштирок доштанд.
Сараввал декани факултет, дотсент Фатҳуллозода Абдухолиқ суханронӣ намуда, маҳфилро ҳусни оғоз бахшиданд. Сипас, сардори ҷамъияти илмии донишҷӯёни факултет Шамсова Ҳидоятбону баромад намуда, аз мазмуну муҳтавои маърӯзаҳои интихобгардидаи донишҷӯён дар рафти маҳфили имрӯза маълумот доданд.
Баъдан донишҷӯёни курси дуюми факултет Мирзоев Саймудасир дар мавзуи “Фаъолияти ташкилотҳои аудиторӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон", Давлатов Шаҳриёр дар мавзуи “Дисконтиронии воситаҳои пулӣ дар шароити иқтисодӣ (дар мисоли бонкҳои тиҷоратӣ)” ва донишҷӯи курси 3-юми факултет Ҳусайнова Адиба дар мавзуи “Саноатсодиротбонк бонки дастгирии соҳибкорӣ” маърӯзаҳои худро ироа намуданд.
Дар охир миёни иштирокчиёни маҳфил мубодилаи афкор сурат гирифт.