, Чоршанбе, 11-декабр

ҲАМОИШ ДАР ҲОШИЯИ РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ МУБОРИЗА БО ВНМО

 30.11.2024 63

ҲАМОИШ ДАР ҲОШИЯИ РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ МУБОРИЗА БО ВНМО

Имрӯз (30.11.24) дар факултети филологияи руси Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бо ташаббуси кафедраи адабиёти хориҷӣ бо МТЗАР ва ҷамъияти илмии донишҷӯёни факултет ҳамоиш бахшида ба рӯзи умумиҷаҳонии мубориза бар зиди ВНМО таҳти унвони "Ман ҳаётро дӯст медорам" гузаронида шуд, ки дар он ҳайати устодон ва донишҷӯёни факултет иштирок доштанд.

Дар кори ҳамоиш омӯзгорон Ҷумаева Дилором, Ғуломова Садбарг, Муродов Равшан ва Шомадова Тахмина  дар робита ба ВНМО ва роҳҳои мубориза бо он маълумоти муфид ироа намуданд.

Инчунин дар бахши суолу ҷавоб донишҷӯён низ фаъолона иштирок намуданд.




Ба рӯйхат