,
Чоршанбе, 11-декабр
Дар таърихи 29.11.2024 дар факултети филологияи тоҷик ва журналистикаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ маҳфили “Забоншинос ва методисти ҷавон”-и назди кафедраи забоншиносӣ ва таърихи забон бо иштироки мудири кафедра, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Саидзода Муҳаммад, номзади илмҳои филологӣ Давлатова Фароғат, роҳбари маҳфил Одинаева Ҳуснигул, ҳайати омӯзгорон ва донишҷӯёни аъзои маҳфил гузаронида шуд.
Дар маҳфил Давлатшозода Муаттара - донишҷӯи курси сеюми ихтисоси забон ва адабиёти тоҷик дар мавзуи “Ташаккул ва таҳаввули шевашиносӣ дар забони тоҷикӣ” ва Шарипова Давлатмо - донишҷӯи курси сеюми факултет дар мавзуи “Методикаи таълими ҷумла” маърӯзаҳои худро ироа намуданд.
Маҳфил бо саволу ҷавоб ва мубодилаи афкор миёни иштирокчиён ба охир расид.