, Чоршанбе, 11-декабр

СЕМИНАРИ ИЛМӢ: ИҶРОИ КОРҲОИ КУРСӢ АЗ РӮЙИ БАРНОМАИ БАКАЛАВРИАТ

 29.11.2024 64

СЕМИНАРИ ИЛМӢ: ИҶРОИ КОРҲОИ КУРСӢ АЗ РӮЙИ БАРНОМАИ БАКАЛАВРИАТ

Санаи 29.11.2024, дар толори Шурои олимони факултети молиявию иқтисодии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ аз ҷониби дотсенти кафедраи назарияи иқтисодии факултети молиявию иқтисодӣ- Мирсаидов Муҳаммаднаим Негматович, бо ҷалб ва иштироки донишҷӯёни гурӯҳҳои таълимии 203, 204 ва 208 семинари илмӣ “Оид ба иҷрои корҳои курсӣ аз рӯйи барномаи бакалавриат” гузаронида шуд.

Дар рафти семинари илмӣ масъалаҳои муҳиммияти интихоби мавзуъ дар доираи фанни таълимии "Макроиқтисод", тартиби иҷрои он тибқи бандҳои талаботи Низомнома оид ба кори(лоиҳаи) курсӣ аз рӯйи барномаи бакалавриат мутобиқ ба нақшаи таълимии ихтисосҳои иқтисодӣ, дар ҳузури комиссия пешниҳод ва ҳимояи корҳои курсӣ баррасӣ гардида, адабиёти илмӣ- таълимӣ тавсия шуда, намунаҳои амалии иҷрои кори курсӣ нишон дода шуд.

Дар ҷамъбаст донишҷӯён аз аҳамияти илмӣ ва амалӣ, дарёфти маводи оморӣ барои таҳлилу арзёбӣ ва меъёрҳои академии навиштан ва таҳияи маводи хаттию графикии корҳои курсӣ пурсон шуда, заминаҳои донишҳои худро мустаҳкам гардониданд.




Ба рӯйхат