, Чоршанбе, 11-декабр

МИЗИ МУДАВВАР: МУШКИЛОТИ САНЪАТИ РАССОМӢ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 28.11.2024 65

МИЗИ МУДАВВАР: МУШКИЛОТИ САНЪАТИ РАССОМӢ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Таърихи 28-уми ноябри соли 2024 дар факултети омӯзгорӣ ва фарҳанги Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бо ташаббуси кафедраи фанҳои гуманитарӣ ва методикаи таълими онҳо мизи мудаввар дар мавзуи “Мушкилоти санъати рассомӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” гузаронида шуд.

Дар мизи мудаввар ҷонишини декан оид ба илм, инноватсия ва муносибатҳои байналмилалӣ Ёрматов Алишер, мудири кафедраи болозикр, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Акбарова Маҳрамбӣ, мутахассиси раёсати илм ва инноватсия Сайдалиева Фотима, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Мирзоева Бунафша, ҳайати омӯзгорони кафедра ва донишҷӯён иштирок доштанд.

Мизи мудаввар бо суханронии ҷонишини декан оид ба илм, инноватсия ва муносибатҳои байналмилалӣ Ёрматов Алишер оғоз гардид. Таъкид карда шуд, ки имрӯз мушкилоти санъати рассомӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон як мавзуи муҳим ва мураккаб мебошад, ки ба соҳаҳои гуногуни иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ таъсир мерасонад.

Дар идомаи кори мизи мудаввар омӯзгори кафедра- Пулодов Амирҳамза,  дар мавзуи “Мушкилоти санъати рассомӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Мирзоева Бунафша дар мавзуи “Эҳё намудани ҳунарҳои мардумӣ (дар партави суханрониҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон)”, донишҷӯи курси чоруми ихтисоси таҳсилоти ибтидоӣ дар мавзуи “Кулолгарӣ яке аз ҳунарҳои мардумӣ” маърӯзаҳои худро  ироа намуданд.

Дар зимн ороиши кулол аз тарафи донишҷӯи соли чорум ихтисоси дефектология Фирдавси Ислом дар амал нишон дода шуд. Мизи мудаввар бо мубодилаи афкор миёни омӯзгорон ва донишҷӯён ба анҷом расид.




Ба рӯйхат