, Чоршанбе, 11-декабр

БАРГУЗОРИИ МАҲФИЛИ “МАЪРИФАТИ МОЛИЯВӢ”

 27.11.2024 64

БАРГУЗОРИИ МАҲФИЛИ “МАЪРИФАТИ МОЛИЯВӢ”

Бо мақсади баланд бардоштани савияи донишу малакаи донишҷӯён дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ як қатор маҳфилҳои илмӣ-амалӣ фаъолият менамоянд. Яке аз чунин маҳфилҳо ин маҳфили “Маърифати молиявӣ”-и кафедраи молия ва қарзи факултети молявию иқтисодӣ ба ҳисоб меравад. Дар ин росто имрӯз (27.11.2024) дар назди кафедра маҳфили навбатии он бо иштироки ҳайати омӯзгорон донишҷӯён баргузор гардид.

Нахуст роҳбари маҳфил, муаллими калони кафедраи молия ва қарз Ҳаёев Қиёмиддин суханронӣ намуда, оид ба мавзуи баррасишавандаи маҳфил ба аҳли нишаст маълумот дода, ба кори маҳфил барор хостанд.

Дар идома донишҷӯи курси чоруми ихтисоси молия ва қарз Раҷабов Манучеҳр дар мавзуи “Таҳлили хароҷоти буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба соҳаи иҷтимоӣ дар соли 2024”, зери роҳбарии номзади илмҳои иқтисодӣ Саидов Пайрав маърӯзаи худро баромад намуд.

Дар охир маҳфил бо саволу ҷавоб ва муҳокимаи устодону донишҷӯён ба анҷом расид.




Ба рӯйхат