,
Чоршанбе, 11-декабр
Имрӯз (27.11.2024) дар факултети таърих, ҳуқуқ ва муносибатҳои байналмилалии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дарси кушоди муаллими калони кафедраи ҳуқуқшиносӣ Қурбонова Заррина дар мавзуи “Созишномаи пардохти алимент” дар гурӯҳи таълимии 405-и ихтисоси идораи давлатӣ ва ҳуқуқ баргузор гардид.
Дар дарс мудири кафедраи ҳуқуқшиносӣ, дотсент Ҳусайнзода Аминҷон, мудири кафедраи сиёсатшиносӣ, дотсент Муродова Гулчеҳра, мудири кафедраи муносибатҳои байналмилалӣ, дотсент Пирназаров Эмомназар ва дигар омӯзгорон ширкат варзиданд.
Дарсро муаллим Қурбонова Заррина тибқи талаботи мактаби олӣ оғоз намуда, қайд намуд, ки Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои қонунгузорӣ ба ҳамсарон имконияти ҳуқуқӣ додааст, ки ҳангоми талоқ масъалаи пардохти алиментро бо роҳи созиш, яъне бо бастани созишнома дар хусуси пардохти алимент ҳал намоянд. Созишномаи пардохти алимент дар байни шахсе, ки алимент месупорад ва шахсе, ки онро мегирад ва дар сурати ғайриқобили амал будани шахсе, ки вазифадор аст алимент супорад ва (ё) гирандаи алимент — дар байни намояндагони қонунии онҳо баста мешавад.
Сипас, донишҷӯёни гурӯҳи таълимии мазкур Сафарзода Малика, Камолова Шабнам, Ватанов Рамазон дар бораи дигар паҳлуҳои созишномаи пардохти алимент маълумот пешниҳод намуданд.
Инчунин ҳангоми дарс муаллим миёни донишҷӯён бо истифода аз усулҳои интерактивии таълим саволу ҷавоб гузаронид. Дар ин росто донишҷӯён дар навбати хеш фаъоли намуда, ба ҳамаи саволҳои додаи муаллим ҷавобҳои мушаххас гардониданд.