,
Чоршанбе, 11-декабр
Санаи 27.11.2024 дар факултети химия ва биологияи Донишгоҳи Давлатиии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рудакӣ маҳфили ҷамъияти илмии донишҷӯёни факултет баргузор гардид.
Дар маҳфил декани факултет, номзади илмҳои кишоварзӣ, дотсент Исупов Дилшод, ҷонишини декан оид ба илм, инноватсия ва муносибатҳои байналмилалӣ, номзади илмҳои кишоварзӣ Намозов Амонулло, мутахассиси маркази рушди касбият ва инноватсия Ғаниев Фирӯз ва дигар омӯзгорону донишҷӯёни факултет иштирок доштанд.
Нахуст декани факултет, дотсент Исупов Дилшод маҳфилро оғоз намуда, қайд намуданд, ки ҷамъияти илми донишҷуён барои такмили донишу малакаҳои донишҷӯён заминаи хубе фароҳам овардааст, ки онҳо метавонанд таввасути ин ҷаъмият тамоми маҳорат ва истеъдодҳои худро ташаккул ва рушд диҳанд.
Сипас, Каримов Комрон роҳбари маҳфили ҷамъияти илмии донишҷӯёни факултет баромад намуда, аз мавзуъҳои баррасишавандаи маҳфил ба ҳозирин маълумот дод.
Дар идома Шарифзода Ҳофиз, донишҷӯи курси 4-уми факултет дар мавзуи “Расиши растаниҳо” ва Нилуфари Некруз донишҷӯи курси 4-уми факултет дар мавзуи “Инкишофи растаниҳо ва давраҳои он” маърӯзаи худро ироа намуданд.
Дар охир маҳфил бо саволу ҷавоб миёни иштирокчиёну маърӯзачиён ба анҷом расид.