, Чоршанбе, 11-декабр

ДАРСИ НАМУНАВӢ: СИЁСАТИ ГЕОСТРАТЕГИИ ХИТОЙ

 25.11.2024 58

ДАРСИ НАМУНАВӢ: СИЁСАТИ ГЕОСТРАТЕГИИ ХИТОЙ

Имрӯз (25.11.2024) дар факултети таърих, ҳуқуқ ва муносибатҳои байналмилалии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дарси кушоди ассистенти кафедраи муносибатҳои байналмилалӣ Сафаров Ҳакимшо дар гурӯҳи таълимии 305-и ихтисоси муносибатҳои байналмилалӣ дар мавзуи "Сиёсати геостратегии Хитой" баргузор гардид.

Дар дарс мудири кафедраи муносибатҳои байналмилалӣ, номзади илмҳои сиёсӣ, дотсент Пирназаров Эмомназар, мудири кафедраи сиёсатшиносӣ, номзади илмҳои сиёсӣ, дотсент Муродова Гулчеҳра, муовини декан оид ба илм, инноватсия ва муносибатҳои байналмилалӣ, номзади илмҳои сиёсӣ Файзов Рамазон, муаллими калони кафедраи ҳуқуқшиносӣ Қурбонова Зарина иштирок доштанд.

Муаллим дарсро тибқи талаботи мактаби олӣ оғоз намуда, қайд намуд, ки “Сиёсати геостратегии Чин як стратегияи фарогирест, ки ҳадафи он таҳкими мавқеи кишвар ҳамчун абарқудрати ҷаҳонӣ мебошад. Стратегияи геостратегии Чин асосан ба ташаккули низоми ҷаҳонӣ равона шудааст, ки дар он худи Чин нақши калидӣ мебозад. Моҳияти он дар эҷоди тавозуни қудратҳо, таҳкими мавқеъ дар манбаъҳои муҳим ва ташкили муколамаҳои нави бисёрҷониба аст”.

Дар қисмати дигари дарс муаллим ба донишҷӯён оид ба самтҳои асосии сиёсати геостратегии Чин фаҳмонида суолҳо пешниҳод намуда, донишҷӯён ҷавобҳои қаноатбахш гардониданд.




Ба рӯйхат