, Сешанбе, 01-июл

ДАРСИ НАМУНАВӢ: ДАРС ШАКЛИ АСОСИИ КОРИ ТАЪЛИМ


ДАРСИ НАМУНАВӢ: ДАРС ШАКЛИ АСОСИИ КОРИ ТАЪЛИМ

Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ баргузории дарсҳои намунавиву кушод аз ҷониби олимон, муҳаққиқону омӯзгорони донишгоҳ мунтазам ташкилу баргузор мегарданд. Ин навбат санаи 23.11.2024 дар факултети физика ва математикаи донишгоҳ аз ҷониби номзади илмҳои педагогӣ, муаллими калони кафедраи педагогикаи умумидонишгоҳӣ Гулруи Суҳроб дарси намунавӣ дар мавзуи “Дарс шакли асосии кори таълим” дар гурӯҳи таълимии 101-и ихтисоси Физика математика бо иштироки ҳайати омӯзгорони факултет ва кафедра гузаронида шуд.

Гулруи Суҳроб дарсро тибқи муқаррароти мактаби олӣ шурӯъ намуда, дар робита ба мавзуи дарс “Дарс шакли асосии кори таълим” маълумоти муфассал ироа намуда, қайд намуд, ки дарс шакли асосии кори таълим ба ҳисоб меравад, ки дар он омӯзгор ва донишҷӯён дар як раванд иштирок мекунанд. Дарсҳо дар муассисаҳои таълимӣ асосан барои расонидани маълумот ва ташаккули малакаву донишҳои зарурӣ ташкил мешаванд. Шакли дарс вобаста ба мазмуни фан, синну соли донишҷӯён ва мақсадҳои таълим метавонад гуногун бошад.

Дар қисмати дигари дарс муаллим ба донишҷӯён суол дода, донишҷӯён ҷавобҳои қаноатбахш гардониданд.




Ба рӯйхат


Warning: unlink(/var/www/new.kgu.tj/html//sessions/sess_nmb52186s7m1r9ohntmufumh95): No such file or directory in /var/www/new.kgu.tj/html/lib/prog_functions.php on line 274

Warning: filectime(): stat failed for /var/www/new.kgu.tj/html//sessions/sess_t6ltgaq8prp0gf0eqg00m2o5lp in /var/www/new.kgu.tj/html/lib/prog_functions.php on line 274

Warning: unlink(/var/www/new.kgu.tj/html//sessions/sess_t6ltgaq8prp0gf0eqg00m2o5lp): No such file or directory in /var/www/new.kgu.tj/html/lib/prog_functions.php on line 274