, Чоршанбе, 11-декабр

ДАРСИ КУШОД: ПАРЧАМ НИШОНИ ЭҲТИРОМИ МИЛЛАТ ВА ҲУВИЯТИ МИЛЛӢ

 23.11.2024 69

ДАРСИ КУШОД: ПАРЧАМ НИШОНИ ЭҲТИРОМИ МИЛЛАТ ВА ҲУВИЯТИ МИЛЛӢ

Санаи 23-уми ноябри соли 2024 дар факултети филологияи тоҷик ва журналистикаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ аз ҷониби номзади илмҳои филологӣ, мудири кафедраи журналистика Алишери Абдулмаҷид дар гурӯҳи таълимии 205-и ихтисоси Рӯзноманигорӣ дарси кушоди тарбиявӣ дар мавзуи "Парчам нишони эҳтироми миллат ва ҳувияти миллӣ" бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ, ки ҳамасола 24-ноябр дар кишвар ҷашн гирифта мешавад, гузаронида шуд.

Дар дарс номзади илмҳои филологӣ, муаллими калони кафедраи журналистика Одинаева Марҳабо, муовини декани факултет оид ба илм, инноватсия ва муносибатҳои байналмилалӣ Қаюмова Мубина, ҷонишини декан оид ба тарбия Насимҷони Саидаъзам, ҳайати омӯзгорони кафедра ва донишҷӯён иштирок доштанд.

Муаллим Алишери Абдулмаҷид дарсро шавқовару хотирмон гузаронида, дар робита ба мавзуъ маълумоти ҷолибро пешниҳод дошта, иброз намуд, ки "Мусаллам аст, ки инсоният дар ҳама давраҳои таърихӣ барои ифодаи маром ва аҳдофи хеш рамзҳои гуногунро эҷод ва корбаст намудаву армони гузаштагони худро дар он мунъакис намудаанд. Зарурати таърихӣ инсонро водор кардааст, ки барои барқарор намудани хотира ва ё кору пайкори гузаштагони худ ишора, аломат ё рамзеро истифода намояд. Метавон гуфт, ки рамзҳо низ як навъ ифодагари орзуву омол ва рози ниҳони сарнавишти қавму қабила, нажод ва миллату давлатҳо ба ҳисоб меравад".

Ҳамчунин, аз ҷониби гурӯҳи таълимӣ маърӯза, шеъру тарона ҷиҳати арҷгузорӣ ба муқаддасот ва рамзи давлатдориву ойини худшиносӣ-Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардид.




Ба рӯйхат