, Якшанбе, 22-декабр

ЧОРАБИНИИ МУТАНТАНИ ФАРҲАНГӢ-ФАРОҒАТӢ БАХШИДА БА РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ

 23.11.2024 104

ЧОРАБИНИИ МУТАНТАНИ ФАРҲАНГӢ-ФАРОҒАТӢ БАХШИДА БА РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ

Яке аз рамзҳо ва нишонаҳои асосии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва давлатдории тоҷикон ин Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки 24 ноябри соли 1992 қабул карда шудааст. 32 сол боз ин ҷониб мардуми шарафманди кишвари маҳбубамон зери партавафшонию ҷилваи Парчами давлатӣ- яке аз муҳимтарин муқаддасоти миллию давлатӣ кору зиндагонӣ доранд. Дар ин росто санаи 23 ноябри соли 2024 дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ чорабинии мутантани фарҳангӣ-фароғатӣ бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони “Парчам-рамзи ифтихор ва худогоҳии миллӣ” бо иштироки ҳайати раёсат, омӯзгорону кормандон ва донишҷӯёни донишгоҳ баргузор гардид.

Чорабинӣ бо роҳпаймоии осоиштаи ҳайати бисёрҳазорнафараи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ҳамчун рамзи эҳтиром ва арҷгузорӣ ба муқаддасот ва рамзи давлатдориву ойини худшиносӣ-Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид.

Сипас, қисмати тантанавиро муовини ректор донишгоҳ оид ба таълим, дотсент Абдусамадзода Эраҷ оғоз намуда, ҳозиринро ба муносибати Рӯзи Парчами давлатӣ шодбош гуфта, қайд намуданд: “Таърихи парчамдорӣ баёнгари он аст, ки ниёгони сарбаланди мо шаъну шарафи дирафши коваёниро чи дар дохили кишвар, чи дар набардҳои сарнавиштсоз нигаҳбонӣ кардаанд.

Парчами миллӣ рамзи соҳибдавлатӣ, шуҷоату матонат, нангу номус, иқтидору иттиҳод, иродаи қавӣ ва рӯҳи матини мардуми тоҷик мебошад. Тавре, ки Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид кардаанд: “Имрӯз барои миллати соҳибтамаддуни тоҷик парчам сарчашмаи нерӯву тавонмандӣ дар роҳи созандагиву бунёдкорӣ ва сармояи ғуруру ифтихори миллӣ мебошад. Яъне Парчами давлатӣ сокинони кишвари моро дар майдони ободониву созандагии Ватан муттаҳид намуда, ҳисси миллӣ, ифтихори ватандорӣ ва худшиносиву худогоҳии онҳоро тавсеаву тақвият мебахшад. Маҳз бо парафшонии ин рамзи муқаддас мо ҳоло пояҳои давлати соҳибистиқлоламонро таҳким бахшида, барои ба як мулки ободу пешрафта табдил додани Тоҷикистони маҳбубамон саъю талош карда истодаем”.

Сипас,  барномаи бошукуҳ ва рангини ҳунарии ансамбли “Наво”-и бахши фарҳанги Донишгоҳ, иборат аз суруду мусиқӣ ва рақсу бозӣ  пешкаши ҳозирин гардонида шуд.

Барномаи фарҳангӣ бисёр бошукуҳ ва хотирмон буд. Дар барномаи ҳунарии кормандони ансамбли “Наво”-и Донишгоҳ суруду таронаҳои тараннумкунандаи сулҳу ваҳдат, дӯстӣ, бузургии сарзамини аҷдодӣ ва арҷгузорӣ ба муқаддасот ва рамзи давлатдориву ойини худшиносӣ-Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, садо доданд.




Ба рӯйхат