, Панҷшанбе, 21-май

БАРГУЗОРИИ МАҲФИЛИ “МУҲОФИЗОНИ ҶАВОН”


БАРГУЗОРИИ МАҲФИЛИ “МУҲОФИЗОНИ ҶАВОН”

Бо мақсади баланд бардоштани савияи донишу малакаи донишҷӯён дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ як қатор маҳфилҳои илмӣ-амалӣ фаъолият менамоянд. Яке аз чунин маҳфилҳо ин маҳфили “Муҳофизони ҷавон”-и кафедраи мудофиаи гражданӣ ва омодагии дифои ҳарбии факултети тарбияи ҷисмонӣ ва омодагии дифои ҳарбӣ ба ҳисоб меравад. Дар ин росто имрӯз (22.11.2024) дар назди кафедра маҳфили навбатии он бо иштироки ҳайати омӯзгорон донишҷӯён баргузор гардид.

Нахуст мудири кафедра Абдуллоҷони Ҳамрохон суханронӣ намуда ба кори маҳфил барор хостанд. Сипас, роҳбари маҳфил Ҷалилов Ғолибҷон ҳозиринро бо барномаи маҳфил шинос намуданд.

Дар идома донишҷӯёи курси дуюми факултети тарбияи ҷисмонӣ ва ОДҲ  Алихонов А. дар мавзуи “Хислатҳои тактикӣ-техникӣ ва таркиби истифодаи норинҷакҳои дастии порашаванда” ва донишҷӯи курсии дуюми факултети филологияи тоҷик ва журналистика Давлатзода О. Дар мавзуи “Тайёрии муаллими омодагии ибтидои ҳарбӣ ба дарс”  баромад намуданд.

Дар охир маҳфил бо саволу ҷавоб ва муҳокимаи устодону донишҷӯён ба анҷом расид.




Ба рӯйхат


Warning: filectime(): stat failed for /var/www/new.kgu.tj/html//sessions/sess_9joqckptauh0upjvk8ljvqj1oa in /var/www/new.kgu.tj/html/lib/prog_functions.php on line 274

Warning: unlink(/var/www/new.kgu.tj/html//sessions/sess_9joqckptauh0upjvk8ljvqj1oa): No such file or directory in /var/www/new.kgu.tj/html/lib/prog_functions.php on line 274

Warning: filectime(): stat failed for /var/www/new.kgu.tj/html//sessions/sess_mp2t3oqfon95s7o15fgo3d9tbf in /var/www/new.kgu.tj/html/lib/prog_functions.php on line 274

Warning: unlink(/var/www/new.kgu.tj/html//sessions/sess_mp2t3oqfon95s7o15fgo3d9tbf): No such file or directory in /var/www/new.kgu.tj/html/lib/prog_functions.php on line 274